Хусрав НУРОНИЁН,
омӯзгори Гимназияи давлатии
ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

“Шоҳнома”сухан аст,

Сухани бемаргӣ.

“Шоҳнома”руҳ аст,

Ба тани бемаргӣ.

“Шоҳнома”Ватан аст,

Ватани бемаргӣ.

Оре, оре,

“Шоҳнома”Ватан аст!

Тарбияи  насли  наврас  яке  аз  вазифаҳои  аввалиндараҷаи  оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар тарбияи ин қишри ояндасози миллату давлат ҳар як фард бояд масъулияти баланд дошта бошад. Зеро миллате, ки соҳибдонишу соҳибмаърифат аст, ҳеҷ як гурӯҳи ифротӣ ва бадхоҳ наметавонад ӯро аз миён барад. Миллати донишмандро силоҳаш илму маърифат аст ва фарзандони баномусу донишманд ва бонангаш баҳри ободиву осудагии диёр ҷони худро сипар хоҳанд кард.

Омӯзгор шахсест, ки роҳнамову роҳкушо ва навовару тафаккурсоз аст, кӯшиш менамояд, роҳҳои нави илму донишро ёбад, то ин ки шогирдонро дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ талқин намояд. Осори гузаштагони миллати тоҷик то ба имрӯз саропо андарзу адаб ва махзани маърифату дониш аст. Метавон ҳазорҳо мисолу масъала оварду дар пешрафти илму дониши замони муосир онҳоро истифода бурд ва усулҳои нави таълимро такмилу рангоранг кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии хеш дар масоили обу иқлим тавонистанд, ки обрӯ ва нуфузи миллатро дар арсаи олам муаррифӣ созанд ва шукӯҳу шаҳомати тоҷикон миёни ҷаҳониён боло шавад. Аммо боз дар ин миён ташаббусҳои беназир ва ифтихорманде ҳаст, ки метавонад дар тарбияи дурусти ояндаи неки ҷомеа мусоидат намоянд. Мо ҳамагон худ шоҳид ҳастем, ки бо иқдомҳои наҷибу шоиста Сарвари маорифпарвари давлатамон барои шинохти тоҷикон нақши хосса мегузоранд.

Китоби “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарини илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шудааст. Дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина, асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд. Китоби “Тоҷикон” бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Пешвои муаззами миллат чоп гардида, аз номи Сарвари давлат ҳамчун туҳфа дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим гардид, ки масири дурусти гузаштаи миллати хешро бори дигар ба ҳар як фард ёдоварӣ намуд. Ин ганҷинаи пурарзиш — китоби “Тоҷикон” барои тамоми мардуми тоҷик сарчашмаи худомӯзии таърихи гузаштагони миллати қаҳрамони худ аст.

“Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тамоми асолату рисолат ва ифтихор аз соҳибдавлатии гузаштагони моро ба мо ёдоварӣ менамояд. Тақдими осори гаронбаҳои олам  — “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзанда, шоиста, беназир барои хурду бузурги миллати тоҷик мебошад. Иқдоми наҷиб имкон медиҳад, ки бо мутолиаи ин ганҷинаи бебаҳо, ки саршор аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстиву меҳанпарастӣ мебошад, ҷаҳонбинии ҷомеа ва бахусус, наврасону ҷавонон ташаккул ёфта, арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд.

Маҳз тадбирандешиҳои неки Сарвари давлат, сиёсати маорифпарварона ва фарҳангпарваронаашон аст, ки баҳри бомаърифат гардонидани тафаккури маънавии шаҳрвандон дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” баргузор мегардад, ки дар ин замина Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2025 ба тасвиб расидааст.

Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва “Шоҳномахонӣ”, ки бо эҳтимом ва ташаббусҳои беназири Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд, чеҳраҳои нави илму адаб ва фарҳангро падид оварда, онҳо дар рушди минбаъдаи соҳаи илму адаб хидмат хоҳанд кард. “Шоҳнома” барои дар руҳияи хештаншиносӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасон ва ҷавонон аз аҳаммияти муҳим бархурдор аст, ки ба муқаддасоту забон, фарҳангу таърихи миллат арҷгузориро меомӯзонад. Ин шоҳасар насли имрӯзро ба ояндаи неки миллат  ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд. Метавон гуфтаҳои устод Гулрухсорро мисол овард, ки мегӯяд:

 

Ватане, к-аз ману ту,

Натавонад ба шамшеру ба тазвир рабудан,

“Шоҳнома” хирад аст,

Хираде, ки ба ҷаҳон омӯзад,

Ҳунари аз аҷали ҷаҳл намудан,

“Шоҳнома” адаб аст…

Пас,  агар “Шоҳнома” Ватан, сухан, ҳунар, тан, руҳ, адаб, сабзишу ҷовидонӣ ва нафас бошад, мо — омӯзгорон метавонем, ки дар ҳар як марҳалаи дарс бо усулҳои наву замонавии  таълим аз ин шоҳасар васеъ истифода намоем. Дар дарсҳои кушод ва соатҳои тарбиявӣ, чорабиниҳо, ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ бо офаридани саҳнаҳои кутоҳу пурмазмун аз лаҳзаҳои таърихӣ ва қисматҳои паҳлавониву асотирии “Шоҳнома” хонандагонро ба далериву шуҷоъатмандӣ ва зиракиву ватандӯстӣ омода созем. Бо итминон ва боварӣ метавон иброз дошт, ки ин ду туҳфаи арзишманд, ки яке китоби “Тоҷикон” ва дигаре “Шоҳнома” бо ташаббуси беназир ва сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим гардид, хусусан, барои омӯзгорон ва кадрҳои ҷавони соҳаи илму маориф ҳамчун дастурамали методӣ дар пешбурди фаъолияти пурсамар мусоидат хоҳад кард.

 

“Шоҳнома” адаб аст,

Адабе, к-аз самари сабздарахташ,

Ҷовидон баҳра бигирем.

“Шоҳнома” нафас аст,

Нафасе, к-аз ману ту гар бирабоянд,

Бимирем, бимирем, бимирем!


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *