Саттор ҚУВВАТОВ,
омӯзгори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии
кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд, зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

Ҳукумати кишвар муҳиммияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дарк карда, ҳамеша онро дар мадди назари худ қарор медиҳад. Ин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасманд гардондани кӯдакону      наврасон ба раванди таълим санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо барои ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Дар кишвари азизамон имрӯз кӯдаконе умр ба сар мебаранд, ки мушкилии шунидану сухан гуфтан дошта, тарбияи онҳо таваҷҷуҳу ғамхории махсусро талаб мекунад. Дар ҷумҳурӣ аз теъдоди кӯдаконе, ки бо мушкилии шунавоидошта ба дунё меоянд, аксари онҳо аз волидони солим мебошанд. Таваллуди кӯдаки мушкилии шунавоидошта дар оила масъалаҳои зиёд пеш оварда, дар байни ҳамсару шавҳар ва пайвандон як ҳолати ногуворро пеш меорад. Ин ҳолат, пеш аз ҳама, боиси ҷудошавии оилаҳо мешавад. Баъзан, аз тарафи узви оила садо додани чунин суханҳо: “кӯдаки маъюб ба дунё овардӣ, оилаи моро доғдор кардӣ” шунида мешавад, ки барои модар зарбаи сахт мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ як кӯдакистон барои кӯдакони мушкилии шунавоидошта дар шаҳри Душанбе мавҷуд аст, ки теъдоди на он қадар зиёди кӯдаконро фаро гирифта метавонад. Аз тарафи дигар, ин кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии муқаррарӣ таҳсил карда наметавонанд, зеро надонистани забони имову ишора аз тарафи мураббиён ба ин монеа мешавад. Барои ҳамин омӯзиши забони ишора дар оила хеле муҳим барои хонаводаҳои солим мебошад. Дар оилаҳое, ки волидон ношунаво мебошанд, агар кӯдаки ношунаво ба дунё ояд, ягон мушкилӣ дар ин оила нест. Барои он ки дар забони ишора аз тарафи волидон омӯхта шуда, кӯдак ҳаматарафа рушд меёбад. Дар оилаҳои солим, ки кӯдаки ношунаво ба дунё омадааст, падару модар аз омӯзиши забони ишора даст мекашанд. Онҳо фикр мекунанд, ки забони ишора рушди нутқи кӯдакро боздошта, ӯ дигар гап зада наметавонад. Ин ақида нодуруст буда, то имрӯз олимон илман исбот накардаанд, ки забони ишора рушди нутқро боз намедорад, баръакс, дар рушди нутқи кӯдак замина мегузорад.

Банда, ки зиёда аз 35 сол бо кӯдакони ношунаво машғули кор мебошам, ба хотири ба роҳ мондани забони ишора дар оила ва рушди забони ишораи тоҷикӣ соли 2000-ум Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёнро созмон додам, ки яке аз ҳадафҳои асосии он ба роҳ мондани забони ишора дар оила буд. Ба хотири амалӣ намудани ин иқдом бо мутахассисони варзидаи Давлати Австралия ҳамкорӣ барқарор намуда, тарзи дуруст ба роҳ мондани ин давраҳои омӯзиширо омӯхтам. Онҳо тавсия доданд, ки ба омӯзиш мураббиён аз ҳисоби ношунавоён, ки маълумоти махсуси таълимӣ доранд, ҷалб карда шаванд. Мо 10 нафар ношунаворо ба омӯзиш ҷалб намудем. Онҳо тарзи омӯзиши забони ишора дар оиларо хуб намефаҳмиданд.

Шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод, Шаҳринав, Вахшро интихоб намудем ва дар ин масъала ба мо марказҳои саломатии ноҳия ва шаҳрҳои дар боло зикршуда барои ҳамкорӣ кардан бо кӯдакони ношунаво ёрӣ расонданд. Бо оилаҳо кор кардан хеле мушкил буд, оилаҳо моҳияти омӯзиши забони ишораро дарк намекарданд. Тадқиқот нишон дод, ки бинобар нарасидани муҳити забонӣ кӯдакон асабонӣ ва дар онҳо мушкилии руҳиву равонӣ дида мешуд. Модарон аз чунин ҳолати кӯдак нороҳат буда, чӣ кор карданро намедонистанд. Мо омӯзиши забони ишораро тавсия медодем, аммо қабул надоштанд. Лекин мо аз ин иқдом даст накашидем. Аз модарон хоҳиш намудем, ки як моҳ ба мо иҷозат диҳанд, то ин омӯзишро ба роҳ монем. Мунтазам бо волидон дар алоқа будем. Мақсади омӯзиш барқарор кардани муошират дар оила буд, то кӯдакон бо волидон ва бародару хоҳари худ муошират карда тавонанд. Дар 6 оила омӯзишро ба роҳ мондем. Баъди ду моҳи омӯзиш дар рафтори кӯдакон дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Волидон иброз доштанд, ки асабонияти кӯдакон ва мушкилии равонии онҳо пурра бартараф шудааст. Ин иқдом бори аввал дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, натиҷаи дилхоҳ дод. Умуман, дар Осиёи Миёна ва Русия чунин омӯзиш бесобиқа буд. Дар ин масъала ҷумҳурии мо пешсаф аст. Мо тавонистем, дар 10 соли охир 224 нафар кӯдак, (аз ин 125 нафар духтар)-ро ба омӯзиш фаро гирем.  Инчунин, зиёда аз 189 нафарро ба мактаб-интернатҳои махсус, марказҳои рӯзона сафарбар намудем.

Омӯзгорони муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр иброз доштанд, ки кӯдаконе, ки дар оила забони ишораро омӯхтаанд, хеле фаъол буда, барои аз худ кардани барномаи таълим мушкилӣ надоранд. Аммо кӯдаконе, ки омӯзиши забони ишораро нагузаштаанд, бо онҳо кор кардан душвортар аст.

Банда солҳои тулонӣ, ки бо кӯдакони ношунаво кор кардаам, барои забони ишора талош кардам ва дарк кардам, ки бе омӯзиши забони ишора баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ғайри имкон аст. Ман дар назар дорам, ки омӯзиши забони ишора аз хурдӣ натиҷаи хуб дода, тафаккури кӯдаки ношунаворо рушд медиҳад ва ӯро ба мактаб омода месозад. Алифбои дактелӣ ва нутқи даҳонӣ дар мактаб омӯзонида мешавад. Дар кӯдакистон омӯзондани алифбои дактелӣ зарурат надорад, ин омӯзиш метавонад, мушкилии зиёд пеш оварад. Ман ҳамчун мутахассиси соҳа тавсия медиҳам, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба кӯдакон забони ишора омӯхта, бисёртар бо кӯдакон машғулиятҳои бозӣ, расмкашӣ ва саёҳату сайругашт ба ҷойҳои таърихӣ, манзараҳои зебо, боғу гулгаштҳо ба роҳ монда шавад, зеро ин тадбирҳо ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ намуда, захираи луғавии онҳоро бой мегардонад. Чун кӯдакон атрофро бо дидан дарк мекунанд ва дар ҳамин ҷо аз гуфтаҳои шоири ширинзабон Нуруллоҳи Ориф меорем, ки фармудаанд:

Чашмони мост чун гӯш,

Ангуштҳо забонамон.

Хуршеди меҳру шавқат,

Рахшад дар осмонамон.

Сурдопедагоги шинохтаи рус Виктор Флери (1800-1856) дар китоби худ «Ношунавоён» (1835) чунин гуфтааст: «Ҳарчи барвақт мо забони ишораро ба кӯдаки ношунаво ба роҳ монем, натиҷаи хуб ба даст оварда, захираи ишоравиашро бой гардонида, ба мактаби махсус омода менамоем. Дар мактаб бошад, ба нутқи даҳонии кӯдакон аҳаммият дода, дигар методҳоро озодона истифода менамоем. Сурдопедагогҳо ва омӯзгорони мактаби махсус ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, диққати асосиро ба бартараф кардани нуқсҳои нутқӣ дода, кӯдаконро ба зиндагии мустақилона омода месозанд».

Имрӯзҳо дар Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоён омӯзиш натиҷаи хуб дода истодааст ва садҳо кӯдаки ношунавои синни томактабиро таълим дода, ба мактабҳо омода мекунад. Дар ҷумҳурӣ стратегия, барнома, низомномаи таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти фарогир қабул шудааст, ки ин имкони хуб барои дастгирии таҳсилоти томактабии кӯдакони ношунаво мебошад.

Дар фарҷом чанд пешниҳодамро ироа мекунам:

  1. Дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ кушодани ихтисосҳои сурдопедагогика ва таҳсилоти томактабӣ бо ҷалби шахсони мушкилии шунавоидошта.
  2. Ташкил кардани омӯзиши муштарак дар кӯдакистонҳои муқаррарӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзиши забони ишора барои мураббиёни ин муассисаҳо ва ба кор ҷалб намудани шахсони мушкилии шунавоидошта.
  3. Омода намудани дастуру маводҳои методӣ барои таҳсилоти томактабии кӯдакони ношунаво ва мутобиқ намудани онҳо ба хусусиятҳои хоссаи ин кӯдакон.
  4. Гузаронидани чорабиниҳои гуногун бо ҷалби волидон ва омӯзгорон оид ба рушди забони ишора дар ҷумҳурӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *