
Имрӯз, 18 сентбяри соли 2025 вохӯрии маҷозии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи феълӣ ва рӯ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар самти маориф ба сатҳи нави сифатӣ расида, ҳамкориҳои судманду созанда ҷараён доранд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки муносибат миёни Тоҷикистону Россия дар соҳаи маориф намунаи равшани ҳамкориҳои дӯстона, некхоҳона ва ҳасана мебошанд.
Дар ҷараёни вохӯрии маҷозӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе, ки дар ҳамкорӣ бо тарафи Россия ба нақша гирифта шудааст, нашр ва дастраснамоии китобҳои дарсӣ аз фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки бо забони русӣ таълим медиҳанд, инчунин барои муассисаҳое, ки синфҳои русӣ доранд, Лоиҳаи омӯзгори забони русӣ дар хориҷ, ки дар доираи он мутахассисони соҳавӣ барои омӯзиши босифати забони русӣ ба Тоҷикистон ҷалб мегарданд, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забони русӣ дар асоси захираҳои илмӣ-таълимии Донишгоҳи омӯзгории Олтой ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши робитаҳо дар бахши маориф ва илм таъкид намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои ин гуфтугӯ дар самти татбиқи амалии лоиҳаҳо ва барномаҳои таълимӣ дар байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон