
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидзода Раҳим Ҳамро ба муносибати 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Устодону омӯзгорон, шогирдони азиз ва ҳамватанони гиромӣ!
Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти зиёд Шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми сарбаланди кишвари азизамон – Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни бузурги миллию таърихӣ – 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки рамзи бақои давлат, якпорчагии ҷомеа ва ояндаи дурахшони наслҳои меҳан мебошад, сидқан табрик мегӯям.
Маҳз бо талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи устувору Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, Тоҷикистон ба як кишвари амну обод, орому соҳибмақом дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт. Дар ҳамин замина, соҳаи маориф ва илм низ ба марҳилаи нави рушд ворид шуд, ки имрӯз мо самараҳои он талошҳоро ба таври равшан эҳсос мекунем ва мебинем.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон роҷеъ ба арзиши баланди таърихии Ваҳдати миллӣ таъкид намуда буданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Воқеан ҳам, халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат аз имтиҳони сахти таърих гузашта, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки ин миллат метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардад, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор дар тули 28 сол садҳо кӯдакистон, ҳазорҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, даҳҳо донишгоҳу коллеҷ ва марказҳои илмӣ дар гӯшаву канори кишвар бунёд ва таҷдид гардидаанд. Таҷҳизоти замонавӣ, синфхонаҳои рақамӣ, лабораторияҳои фаннӣ, китобхонаҳои электронии муҷаҳҳаз ва шароити нави кору таълим барои устодону шогирдон муҳайё гашта, имкони таҳсили босифат фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, дар радифи таълиму тарбия, илм низ ҳамчун неруи созанда ва такягоҳи иқтисоду давлатдорӣ дар партави Ваҳдати миллӣ мавқеи воқеии худро пайдо намуд. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат имрӯзҳо ҳазорҳо ҷавони боистеъдод дар дохил ва хориҷ аз кишвар таҳсил доранд ва садҳо пажуҳишгару олими тоҷик дар самтҳои гуногуни илмӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
Воқеан, дар радифи Истиқлоли давлатӣ Ваҳдати миллӣ низ аз ҷумлаи арзишҳои волое мебошад, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ин пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони кишвари азизи худ заҳмат кашем.
Мо — кормандони соҳаи маориф ва илм, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва бо дарки масъулияти баланди касбӣ вазифадорем, ки дар тарбияи насли наврас, таҳкими ҳувияти миллӣ, боло бурдани маърифат ва густариши ҷаҳонбинии илмии ҷомеа нақши созандаву фаъоли хешро боз ҳам пурзӯр намоем.
Бо камоли самимият бори дигар ҳамаи шумо — кормандони соҳаро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои бештарро орзу менамоям.
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Шукуфо бод маорифу илми Тоҷикистони соҳибистиқлол!