
Амоншо ПАЛАВОНОВ,
устоди Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуда, давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод ва бо талошу корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли ин солҳо дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити арзанда, осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва сарҷамъиро барои миллатамон ҳадя намуд. Пешвои миллат дар замоне зимоми давлатро ба даст гирифтанд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Ин ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад. Роҳбари ғаёри давлат ба тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳ намуда, соҳаи ҷавононро дар авлавияти кор қарор доданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Паёмҳои солонаи хеш доир ба самти ҷавонон таъкидҳо мекунанд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола (28. 12. 2024) ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат дар 12 маврид аз ҷавонон ёдовар шуданд, ки чандеро манзур мекунем:
- Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
- Ҷаҳони пуртазодду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
- Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
- Ҳоло 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда дар хидмати давлатӣ 49 фоиз мебошад.
- Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшану возеҳ буд. Ҳанӯз 13 марти соли 1992 Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санад дар роҳи ташаккул ва инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуданд. Президенти кишвар шароити хубу арзандаро барои ҷавонони тоҷик муҳайё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз насли ҷавони кишвар бо шукргузорӣ аз оромиву осудагӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти кишвар азму талош мекунанд.
Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майро Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, соли 2017-ро Соли ҷавонон таъйин карданд, ки далели равшани ин гуфтаҳост. Ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май дар саросари кишвар Ҳафтаи ҷавонон, Даҳаи ҷавонон ва ё Моҳвораи ҷавонон гузаронида мешавад.
Барҳақ, ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар тӯли солҳои истиқлол дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумати мамлакат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Аз рӯи нишондодҳои Паёми имсола дар даврони истиқлол дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Президенти мамлакат барои муқоиса қайд намуданд, ки агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла, 170 литсею гимназия, яъне, муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бинои аксари мактабҳои куҳнае, ки аз замони Шуравӣ боқӣ монда буданд, тахриб шуда, дар ҷои онҳо биноҳои аз ҷиҳати меъморӣ зебо ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй сохта ба истифода дода шуданд. Доир ба теъдоди муассисаҳои олии касбӣ Пешвои миллат дар Паём чунин гуфтанд: Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, бо туфайли сиёсати дарҳои боз ва бо шарофати истиқлолу ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷавонони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон аз рӯи ихтисосҳои мақбули дил рафта, таҳсил намоянд. Тавре дар Паём зикр шуд: Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхорию дастгириҳо мо — ҷавононро мебояд, ки дарси мардонагиву садоқат, ҷонфидоиву матонатро аз Сарвари давлатамон омӯзем. Дар ҳар кори нек дастуру супоришҳои Роҳбари арҷмандамонро сармашқи кори худ сохта, бо ғурури миллӣ, нангу номус, иродаи шикастнопазири тоҷикона ва дасту бозуи рустамона Ватани ба ҷон баробарамонро дифоъ ва ободу шукуфон созем.