А. МАҲМАДАМИНОВ,
М. СОЛЕҲОВ,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Тибқи таълимоти мутафаккирони ориёитабор сарнавишт барои башар хираду ақлро чун армуғони қудсӣ эҳдо кард ва хирадмандонро дар ҷомеа қиёсан бартарӣ дод. Пас, хираду илм ҳамчун армуғони муқаддас бояд гиромӣ дониста шавад ва мартабаи хирадманду олим қадршиносӣ бишавад. Мақсуд аз ин сатрҳо варақгардони рӯзгору корномаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишманди шинохта, равоншиноси машҳур устод Маҳмадуллоҳ Давлатов аст, ки фузун аз 50 сол дар камолоти маънавии наслҳои сершумор саҳм мегузорад. Зиёда аз ин, устод М. Давлатов дар омодасозии магистранту доктор РhD-ҳо ва умуман, мутахассисони соҳибунвони илмӣ аз зумраи пешсафон пазируфта шудааст. Воқеан, устод қаблан дар факултетҳои филологияи тоҷик, шарқшиносӣ, журналистика аз фанни психология ба шогирдон дарс мегуфт. Ҳоло ӯ дар шуъбаи психологияи факултети фалсафа ба мутахассисон аз ин фан таълим медиҳад. Мо аз чанд донишҷӯ, магистрант ва доктор PhD роҷеъ ба усули таълим, тарзи баёну назокати фаҳмонидан, корбурди асноду далоил ва умуман, сифатҳои илмию таълимӣ ва тарбиявию ахлоқии дарсҳои устод пурсон шудем. Бидуни шубҳа, метавон гуфт: Онҳое, ки дарси ӯро шунидаанд, ба тамоми ҳастиашон қаноатманд ҳастанд.
Фаъолияти меҳнатии устод М. Давлатов басо серсоҳа буда, самтҳои сершумор дошта бошад ҳам, ӯ пеш аз ҳама, устод-муаллим аст. Ӯ ба маънии пуррааш дӯстдори касби хеш буда, ошиқона дарс медиҳад. Лаҳзаҳои дарсаш комилан ҷаззобу ҷолибанд, ки шогирдон ба ҷуз дарсу омӯзгор чизи дигареро тасаввур намекунанд. Ҳамзамон, устоди арҷманди мо дар ҷодаи пажуҳиш низ яке аз нухбагони пешқадам аст. Ӯ дар ин бахш то кунун беш аз 140 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ, 38 васоити таълиму дастурҳои методӣ, панҷ китоби дарсӣ таълиф намуда, ки ҳар кадоме аз ин таълифот миёни доираҳои илмии соҳаи мазкур, чи дар Ватанамон ва чи дар хориҷа аз ҷониби мутахассисони соҳа хубу шоиста пазируфта шудаанд. Аз ҷумла, “Психология”, “Психологияи идоракунӣ”, “Таърихи психология”, “Психологияи ҳуқуқӣ”, “Машварати психологӣ дар мактаб: таҳлили вазъиятҳо ва тавсияҳо” ва ғайра, эътирофу шуҳрати тахассусии устод мебошанд.
Ӯ тавассути ҷустуҷӯҳои пайваста ва такмили ихтисос дар ҷодаи тадқиқот дар марказҳои пурнуфузи илмии кишварҳои Русия, Англия, Амрико, Афғонистон ва дигар давлатҳо иштирок карда, ба дастовардҳои илмию тадқиқотӣ ноил гардидааст, ки шоистаи ифтихор мебошад. Ҷиддитарин рисолати таърихии баҷоовардаи мавсуф дар таълифи китобҳост, ки ба мухтассоти равоншиносии миллӣ ва тамоюлоти он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷанбаҳои аносири миллиро дар илми мазкур басо устодона ва бо асноду далоили сершумори қонеъкунанда шохис месозад. Падидаи мазкур хосси тадқиқоти устод буда, метавон онро нигоҳи тоза дар илм унвон кард. Раванди мазкур, бахусус, дар китоби “Психологияи ҳуқуқӣ”-и ӯ бештар манзур мегардад. Аз тарафи дигар, дар ин китоб то ба ҳадде иртифои худшиносии миллӣ ва мухтассоти он баррасӣ шудааст, ки шоиста аст.
Силсилаи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотии муаллим оид ба бахшҳои гуногуни психология ҳам аз лиҳози мавзуъ, масъалагузорӣ, таҳқиқи амиқ ва натиҷагириҳои илмӣ аз ҳар ҷиҳат арзишманд мебошанд, ки метавон онҳоро таълифоти рӯйимизии мутахассисони соҳа унвон кард. Барои намуна: “Баъзе хусусиятҳои зоҳиршавии истиқлоли тафаккури донишҷӯён дар ҷараёни таълим”, “Баъзе масъалаҳои психологияи зӯроварӣ дар оила”, “Кӯдакону наврасони душвортарбия”, “Тавсияҳои психологӣ ва роҳҳои ислоҳи раванди мазкур”, “Психологияи калонсолон ва нақши он дар ташаккули оилаи солим”, “Асосҳои психологии муоширати идоракунӣ”, “Рашки фарзандон дар баъзе оилаҳо ва роҳҳои бартарафсозии он”, “Муошират ва инкишофи шахсияти кӯдак”, ”Баъзе масъалаҳои психологияи миллӣ ва тавсифи онҳо”, “Роҳҳои расонидани ёрии психологӣ ба духтарони ятим дар муассисаи таълимӣ”, “Таълим навовариро мехоҳад”, “Кӣ ҷабрдидаи зӯроварӣ дар мактаб мешавад?”, “Хадамоти психологӣ ба донишҷӯ” ва амсоли инҳо.
Метавон гуфт, ки устод М. Давлатов дар тадқиқоти хеш, ҳам дар китобҳо ва ҳам дар мақолаҳову дастурҳо ва васоити таълим, нигоҳи амиқ ба ҷанбаҳои равонковона дорад. Маҳз ҳамин ҷанбаи пажуҳишҳои муҳаққиқ маъруфияти ӯро ҳамчун беҳтарин мутахассиси соҳа таъмин намудааст. Чуноне ки қаблан ишора шуд, ба қалами номбурда ҳамчун натиҷаи ҷустуҷӯҳои чандинсолаи тадқиқотӣ таълифоти гуногунсоҳаи илми психология мансуб аст, ки чун намуна чандеро метавон номбар кард: “Психологияи иҷтимоӣ”- (Дастури таълимӣ оид ба ҷанбаҳои равоншиносии иҷтимоӣ), “Дастури таълимии педагогика ва психология”, “Дастури таълимӣ оид ба фаъолияти касбӣ”, “Оила ва рушди шахсияти фарзандон”, “Дастури таълимӣ оид ба фаъолият ва диққат” (Мавод барои машғулиятҳои лабораторӣ), “Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ” ва ғайра, раҳнамои мутахассисону толибилмон ба шумор мераванд.
Ин аст, ки мавсуф бо як қатор ниҳодҳои давлатӣ солҳост, ки ҳамкориҳои илмӣ-равоншиносӣ дорад. Аз ҷумла М. Давлатов бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД, дар риштаи омодасозии мутахассисони роҳбарикунанда аз илми равоншиносӣ таълим медиҳад. Ҳоло Маҳмадуллоҳ Давлатов дар авҷи камолоти илмию фарҳангӣ ва маънавӣ буда, ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ мебошад, ки албатта, шоистаи таҳсин аст. Ба устоди арҷманд дар фаъолиятҳои пурбори минбаъдаашон барору комёбиҳо орзумандем.