Санавбар ШАРИФОВА,
корманди Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

Яке аз масъалаҳои муҳимми таълим дар шароити ҳозира муттасилии таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои он мебошад. Омили асосии рушди системаи ягонаи таҳсилоти муттасил, пеш аз ҳама, алоқамандии таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ дар ҳамкорӣ бо хонавода аст.

Вобаста ба талаботи замон, пешрафти ҷомеа, тағйирёбии шуур ва фарҳанги ҳуқуқии одамон санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ такмил меёбанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ соли 2024 такмил ёфта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» табдил ёфт. Ин қонун омили муҳимми баланд бардоштани масъулияти маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар як фард бояд гардад. Мардуми кишвар, кормандони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иброз медоранд, ки ин қонун ба пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, махсусан, болоравии сатҳи фарҳанги психологии волидон таъсир мусбат мерасонад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» (2013) моделу шаклҳои гуногуни таълими пешазмактабиро қонунӣ ва эътироф намуд. Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ таҳия ва қабул гаштааст. Зимни суханронии хеш Президенти кишвар оид ба лоиҳаи қонуни мазкур 14 декабри соли 2010 қайд намудаанд: Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳаммияти хосса зоҳир намуда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд.

Пиронсолон гуфтаанд: «Фарзанд азиз, одобаш азизтар», аз ин рӯ, тавлиди фарзанд ҳанӯз оғози кор аст. Кори асосӣ тарбия намудан ва ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдӯст ба воя расонидани фарзанд мебошад. Ин вазифаи муҳим ба оила вобаста мебошад ва тайёр намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ, пеш аз ҳама, вазифаи падару модар аст. Кӯдаки маъсуми навзод, ки баъзан ӯро ба ниҳоли наврас, лой ё хамири хоми навшурида монанд мекунанд, дар оила чашм кушода, оламро мебинанд, табассум кардан, хестану қадам гузоштан, давидану афтидан меомӯзад. Худшиносӣ, тасаввуроти ҷаҳонбинии ӯ аввалин бор дар оила, дар иҳотаи падару модар, бо таъсири бевоситаи онҳо шакл мегирад, вобаста ба манфӣ ё мусбат будани хислати онҳо нек ё бад мешавад. Роҷеъ ба ин Абушакури Балхӣ фармудааст:

Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ,

Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон

Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон боз натвонадаш,

Ки аз кажжию хам бигардонадаш.

Тарбияи ахлоқии фарзандон дар асоси он меъёрҳое, ки мардуми мо тӯли асрҳо андӯхта, аз насл ба насл то даврони мо расидааст, сурат мегирад. Волидон анъанаҳои беҳтарини халқ ва панду ҳикматҳои ниёгонамонро истифода намуда, дар фарзандон ҳисси эҳтиром ба калонсолон, муҳаббат ба диёру ватанро тарбия менамоянд.

Мақсаду вазифаҳои кории тарбияи муассисаҳои томактабӣ, оила ва мактаб ягона буда, таъмин намудани ягонагии талаботро ба шахсияти кӯдак танзим мекунанд. Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар намудҳои алтернативии омода кардани кӯдак ба мактаб таъсис ёфтааст, ки маълумтаринашон инҳоянд:

  1. Маркази инкишофи кӯдак (4-7-сола),
  2. Гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб (6-7-сола, дар назди МТМУ)
  3. Гурӯҳҳои кӯтоҳмуддати омодагии пешазмактабӣ (дар назди кӯдакистонҳо).

Бо кӯдакон омӯзгорон метавонанд, машғулиятҳои амалӣ гузаронанд ва ба ин тариқ, кӯдаконро ба раванди таълим тайёр кунанд. Бо қоидаҳои талабагӣ, яъне, тарзи нишаст, тарзи истифодаи қаламу дафтар, риояи одоби муошират, инкишофи қобилиятҳои маърифатӣ (дарки рангу бузургӣ, нутқи бурро, ҳавасманд кардани кӯдакон нисбат ба мактаб, ҳалли муаммоҳо, таассуроти одитарини математикӣ ва ғайраҳо) кӯдаконро шинос намуда, барояшон кори саводомӯзиро ҳангоми таҳсил дар мактаб осон мегардонанд.

Фаъолияти таълимии марказҳои инкишофи кӯдакон вазифаҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд. Фаъолиятҳо аз рӯйи реҷаи рӯз, ҷадвали машғулиятҳо ва пайдарҳамии мазмуни кори таълим, алоқамандии мантиқии самтҳои барномаро ба инобат гирифта, миқдори онҳоро барои як ҳафта ва сол муайян мекунад. Мураббиён гузаронидани машғулиятҳоро дар нимаи якуми рӯз афзал медонанд.

Бо кӯдакон чӣ тавр бояд хонд!?

Ба кӯдак бо овози баланд хондани китоб хеле муҳим аст. Матнро пешакӣ ба чанд қисм ҷудо намуда, дар ҳар як қисми он лаҳзае дам гирифтан лозим аст, то ки кӯдакон мазмуни онро пурра дарк намоянд. Инчунин, имкони пешгӯӣ кардани мазмуни матнро медиҳад.

Ба кӯдакон чиро бояд хонд!

Оид ба омӯзиши кӯдакони томактабӣ дар бораи консепсия ва мафҳумҳое, ки кӯдаконро дар омӯзиш дастгирӣ мекунанд. Ақидаҳои нав оид ба омӯзиши кӯдак диққати калонсолонро ба таҷрибаҳои ҳаррӯзаи кӯдакон ва мафҳумҳое, ки дар ҷараёни омӯзиш аз худ мекунад, ҷалб менамоянд. Кӯдакон дар ин синну сол малакаҳои дурусти тақсимкунию ҳисобкуниро бояд дошта бошанд. Калонсолон метавонанд, дар ин ҷода ба кӯдак ёрӣ расонанд. Шумо метавонед, ягон ҳикояро хонед. Ҳикоя ва нақл кардан роҳҳои беҳтарини хондани матн ба шумор меравад. Онҳо фаромӯшнашаванда буда, тасаввуроти кӯдакро мустаҳкам менамоянд ва қалбан пешгӯикардашуда мебошанд.

Хониши қисматкардашуда чист?

Хонише мебошад, ки кӯдакон бо матн шинос ҳастанд. Матн бо ҳарфҳои калон навишта мешавад, то ки ҳама кӯдакон онро якҷоя дида тавонанд. Мисол, адабиёту матне, ки дастрас аст ё якҷоя таҳия кардаед, метавонед онҳоро ҳар рӯз дар марказ истифода баред. Кӯдакони хурдсол такрор карданро нағз мебинанд ва аз матн дилзада намешаванд.

Барои чӣ хониши қисматкардашуда истифода мешавад? Он кӯдаконро ҳавасманд карда, тамоми гурӯҳро ҷалб мекунад. Фарқ надорад, ки маҳорати кӯдакони то чӣ андоза инкишоф ёфтааст. Омӯзгор метавонад, хониши ифоданокро намуна карда, чанд стратегияро барои донандаи хуб шудан намоиш диҳад (мисол — истифодаи роҳҳои шинохтани калимаҳои нав). Ҳангоми хониши қисматкардашуда омӯзгор метавонад, барои кӯдакон хусусиятҳои гуногуни матнро нишон диҳад. Ин мавқеи матн (аз чап ба рост), мустаҳкам намудани захираи луғавӣ, нуқтагузорӣ, намунаи калимаҳо ва намунаи ҳарфҳоро дар бар мегирад.

Таълими шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ

Вазифаи асосии таълими шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ ташаккули нутқи мураттаб ва васеъ гардондани ҷаҳонбинии маънавии кӯдак ба ҳисоб меравад. Ҳамаи кӯдакон ба хондани ин ё он матн ҷалб мешаванд. Илова бар ин, матнро ба чанд қисм ҷудо мекунанд. Кӯдакон метавонанд, қаҳрамонҳои дӯстдоштаи худро дар машғулиятҳои расмкашӣ тасвир намоянд.

Истифодаи шеър, суруд ва қофиябандӣ

Шеъру сурудхонӣ яке аз муҳимтарин қисми барномавии ташаккули нутқ, мустаҳкам намудани зеҳну хотираи кӯдак мебошад. Шеъру суруд бояд ҳаҷман хурд бошанд. Омӯзгор бояд кӯдаконро ҳавасманд кунад, ки бо истифода аз калимаҳои шеър бозӣ кунанд. Шеърҳоро ба воситаи тасвир ба кӯдакон пешниҳод намоед ё дар варақаи калон онҳоро навишта, дар даруни қӯттӣ, дар марказ нигоҳ доред. Кӯдакон мувофиқи хоҳиш ҳама вақт онҳоро гирифта мехонанд.

Омӯзонидани баёни фикр ва гӯш кардан

Ба кӯдакон барои машғул шудан бо фаъолиятҳои баёни фикр ва гӯшкунӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам меоранд. Онҳо бояд аз рӯйи қисмҳои барнома амалӣ шаванд. Барои мисол: нақли ҳикоя, ҳодиса, қироати шеър, замзамаи суруд, ташкили бозиҳои варзишӣ ва якҷоя кор кардан дар машғулиятҳо, ҳисоб ва санъати тасвирӣ, боварӣ ҳосил намоед, ки кӯдакон ба таври расмӣ ва ғайрирасмӣ сухан меронанд, нақл кардани ҳикояҳо, фаҳмондани қоидаҳо барои дигар кӯдакон, фаҳмондани кори иҷрошуда, нақл дар бораи фаъолияҳои худ, муҳити зист ва одамони гирду атроф.

Баҳогузорӣ ба нутқи кӯдакон

Баҳогузорӣ ба маҳорати забонии кӯдакон бояд раванди давомдор бошад. Баҳодиҳӣ на танҳо ба маҳорату фаҳмиши кӯдакон аст, балки ба натиҷаи фаъолияти кории омӯзгор низ мебошад ва дар тартиб додани нақшаҳои кории минъбадаи таълим ёрӣ мерасонад.

Чӣ тавр муайян мекунанд, ки кӯдакон кадом малакаҳои забондониро доранд? Роҳҳои зиёди баҳогузорӣ ба инкишофи нутқи кӯдак мавҷуданд:

— Мушоҳидаи кори фардӣ ва гурӯҳии кӯдакон ҳангоми ба итмом расонидани супоришҳои инкишофи нутқ;

— Мушоҳидаи кӯдакон ҳангоми муошират бо ҳамсолон ва омӯзгорон ҳангоми машғулиятҳо;

— Гӯш додан ба нутқи кӯдакон ҳангоми муошират бо ҳамсолон, омӯзгорон ва ҳангоми машғулиятҳо;

— Назорати кӯшишҳои кӯдакон барои навиштан ва омодагӣ ба навиштан;

— Гӯш кардан ба хониши кӯдак ва қайд намудани стратегияҳое, ки онҳо барои хондан истифода мебаранд.

Дар маҷмуъ, ҳар як стратегия барои рушди маънавиёти кӯдак пешбинӣ шуда, мураббиён ва омӯзгорони синфҳои ибтидоиро лозим аст, ки дар тарбияи фарзандони миллат аз усулҳои гуногуни санҷидашуда истифода намуда, кӯдаконро, ки ояндаи ин сарзамини хуршедӣ мебошанд, дар руҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ тарбият кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *