Э. МИРШАРИФЗОДА,
декани факултети иқтисод ва идораи
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва иқтисоди сабз дар ҷаҳон ва махсусан, дар кишварҳои рӯ ба рушд ба таври васеъ мавриди омӯзишу корбарӣ қарор гирифтаанд, зеро онҳо ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ҷиҳати таъмини рушди самараноки истеҳсолот, кам намудани хароҷот ва фарох намудани бозорҳо, тавлиди технологияҳои нав ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт, рушди маҳсулоти инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист, кам кардани партовҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, бодӣ ва ғ.) ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон (28-уми декабри соли 2024) ба Маҷлиси Олии кишвар, вобаста ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ, иқтисоди сабз ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карданд ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳо супориш доданд, ки лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030”-ро то охири соли 2025 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ва аҳаммияти рушд бахшидани онҳо дар шароити муосир суханҳои Сарвари давлатро аз Паём дар се самт таҳлил ва манзур месозем:

  1. Иқтисодиёти рақамӣ (Digital Economy) — ин модели нави иқтисодӣ буда, бо технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) асос ёфтааст, ки фаъолияти самараноки иқтисодиро бо кам кардани хароҷот ва вақт дар шароити муосир ва дар муҳити рақамӣ пеш бурда, ҷанбаҳои мухталифро (таҳсили фосилавӣ, савдои электронӣ, пардохти электронӣ, хидматрасониҳои тиббии электронӣ ва ғ.) дар бар мегирад. Вобаста ба рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2019, таҳти №642 “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он се марҳилаи амалисозии иқтисодиёти рақамиро то соли 2040 дар бар мегирад:

Марҳилаи якуми консепсия то соли 2025 муайян гардидааст, ки дар ин давра бояд мутахассисони кордон омода гардида, модели идоракунӣ ва нишондиҳандаҳои калидӣ муайян карда шуда, ҳолати воқеии рушди иқтисодиёти рақамӣ баҳогузорӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории он муайян карда шавад;

Дар марҳилаи дуюм, ки солҳои 2026-2030-ро дар бар мегирад, дар назар аст, ки дастрасии фарохмавҷи амнияти иттилоотӣ таъмин гардад, платформаҳои рушди хидматрасонии рақамӣ ва марказҳои пешқадами таҷрибавӣ таъсис ва ташаккул ёбанд ва нахустин лоиҳаҳои пилотӣ амалӣ карда шаванд;

Марҳилаи сеюм солҳои 2031-2040-ро фарогир буда, дар ин давра мутобиқи консепсия бояд дастовардҳои иқтисоди рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ҷорӣ карда шаванд.

Имрӯз дар кишвар хотимаи марҳилаи якуми консепсия амалӣ ва марҳилаи дуюми татбиқи он роҳандозӣ мегардад, ки вобаста ба он Пешвои миллат дастуру супоришҳои мушаххаси рушди инфрасохторӣ доданд.

  1. Инноватсия (Innovation) — ин раванди ворид намудани технологияҳои навин ва ҳушманд, идеяҳо ва ё усулҳои нави истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ ба амалия, бо мақсади навоварӣ, самаранокӣ, беҳтар намудани маҳсулот, хидматрасониҳо, рақобатпазирии корхонаҳо ва дар маҷмуъ, рушди иқтисодӣ мебошад. Дар бобати рушди инноватсия дар Паём қайд шудааст, ки ба истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо кишварҳои аз лиҳози техникию технологӣ ва саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон, ба монанди ИМА, Чин, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Швейтсария, Сингапур ва дигар мамолики дунё дар раванди истеҳсолот аз технологияҳои инноватсионӣ ба таври васеъ истифода мебаранд, ки боиси ҷаҳиши рушди иқтисодии онҳо гардида, қисми зиёди бозори ҷаҳониро бо навҷорисозиҳои худ, маҳсулоти хушсифати ҷавобгӯй бо стандартҳои ҷаҳонӣ ва нархи дастрасдошта фатҳ намудаанд. Пешвои миллат дар ин маврид таъкид карданд, ки ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Чунончи мушоҳида мегардад, тӯли солҳои охир барои ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба кишвар барои соҳибкорони ватанӣ ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти дохилӣ имтиёзҳои молиявии давлатӣ, ба монанди озод намудан аз пардохтҳои гумрукию андозӣ ва мораторияҳо оид ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳод гардидааст, ки боиси ҳавасманд гардидани субъектони фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар мегардад.

  1. Иқтисодиёти сабз (Green Economy) — ин модели нави иқтисодӣ буда, рушди устувори иқтисодиро бо ҳифзи муҳити зист муттаҳид намуда, ба коҳиш додани истеъмоли захираҳои табиӣ, партовҳои зараровар, таъсир ба муҳити зист ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда бобати таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигаронида шудааст.

 Тӯли чанд соли охир, таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисоди сабз бештар гардида, зимни ироаи Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Пешвои миллат дар Паёми қаблии худ соли 2021 дастур доданд, ки то охири соли 2022 Стратегияи рушди иқтисоди сабз омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ҳамин тариқ, бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 сентябри соли 2022, №482 “Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор дорад ва он дар панҷ марҳила то соли 2037 амалӣ карда мешавад:

Марҳилаҳои якум ва дуюм (солҳои 2023–2025 ва 2026–2028)-ро дар бар гирифта, чорабиниҳо дар самти оммавигардонии маълумот оид ба иқтисоди сабз, таълим ва ташаккули тафаккури иқтисодию экологӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди сабз дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи онҳо ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ ва оғози амалигардонии стандартҳои иқтисоди сабз дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар бар мегирад, ки барои онҳо маблағгузории давлатӣ ва шарикони рушд зарур аст;

Марҳилаҳои сеюм ва чорум (солҳои 2029–2031 ва 2032–2034)-ро фаро гирифта, чорабиниҳо дар самти ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди сабз дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту инфрасохтор, сохтмон, хоҷагию манзилии коммуналӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, инчунин, идомаи таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди сабз дар кишварро дар бар мегирад;

Марҳилаи панҷум (солҳои 2035–2037)-ро фарогир буда, чорабиниҳо дар самти рушди иқтисоди сабз, нигоҳ доштан, афзун намудан ва истифодаи босуботи сармояи табиӣ ва афзоиши сармоягузорӣ дар асоси принсипи иқтисоди сабзро фаро мегирад ва дар ин марҳила бозори рушдёбандаи сармоягузории сабз дар кишвар ташаккул меёбад.

Бо татбиқи иқтисоди сабз Тоҷикистон метавонад, мавқеи пешсафро дар истифодаи иқтидори тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ишғол намояд, ҳамчунин, ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод, об ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологии тоза (органикӣ) шуда, ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ (карбон) ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад. Чун дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 64%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, неруи барқ дар кишвар, асосан, аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (98%) истеҳсол карда мешавад. Неруи барқ аз неругоҳҳои барқи обӣ ҳосил мегардад ва ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мақоми асосӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсолии 527 млрд. кВт/соат қувваи барқ дар як сол буда, ҳоло ҳамагӣ 6%-и ин иқтидор истифода мешавад. Иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280-330 рӯзи офтобӣ ва дар маҷмуъ, 2 000 кВт/м2 шиддатнокии радиатсияи офтобӣ дар як сол барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи аз рӯйи аҳаммият дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда хеле мусоид мебошад, ки ин дар қиёс бо кишварҳои пешрафтаи васеъ истифодабарандаи энергияи офтобии Аврупо ду маротиба зиёд мебошад. Тибқи арзёбии коршиносон иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10-20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60-80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди кишвар қонеъ гардонида метавонад.

Дар натиҷаи татбиқи рушди иқтисоди сабз дар мамлакат: коҳиши партовҳои зараровар, кам кардани истифодаи захираҳои табиии ғайрибарқароршаванда (нафт, газ), истифодаи васеи энергияи барқароршаванда (офтобӣ, бодӣ ва обӣ), такмили коркарди партовҳо, кам шудани сатҳи ифлосшавии ҳаво, таъмини маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, хидматрасониҳои устувор (нақлиёти сабз) ва ғайра, амалӣ гардида, барои ҷалби сармоягузориҳои сабзи хориҷӣ ва рушди устворӣ иқтисодӣ замина мегузорад.

Бешубҳа, рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва рушди иқтисоди сабз метавонад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фоидаҳои назарраси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ расонад. Дар шароити муосир ин се самт ба ҳамдигар вобастагии зич дошта, ҳамчун механизмҳои калидӣ барои рушди устувори кишвар хидмат мекунанд.

Адабиёт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, 28 декабри соли 2024 // — https://www.president.tj.
  2. Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2019, №642). — https://www.mmk.tj.
  3. Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2022, №482). — https://www.mmk.tj.
  4. Каримов, Б.Ҳ. Баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиёт // Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии “Вазъи муосир ва дурнамои рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (27 марти соли 2021), ДССХ — Душанбе. — С. 26-29.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *