
Футбол на танҳо як бозии варзишист, балки он забони ягонаи ҷаҳонист, ки мардумро аз гӯшаҳои гуногуни дунё бо ҳам мепайвандад. Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳои иттилоотӣ ҷаҳонро ба як “деҳкадаи бузург” табдил додааст, футбол ҳамчун василаи ҳамгироӣ, таҳкими дӯстӣ ва рушди маънавию ҷисмонии ҷавонон нақши калидӣ дорад.
Боиси ифтихори мо-тоҷикон аст, ки 20 майи соли равон бо мақсади иштирок аз таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд, ки дар доираи он як қатор вохӯриҳои судманд сурат гирифтанд. Лоиқи зикр аст, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард, ки ин як қадами муҳим дар самти боз ҳам баланд бардоштани мақоми футбол дар Тоҷикистон ва тамоми олам мебошад.
Тасмими эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол як иқдоми назаррас дар соҳаи варзиш аст, ки ба рушди он дар байни ҷавонону наврасон такони ҷиддӣ бахшида, яке аз санаҳои муҳим дар тақвими варзиши байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ин рӯз на танҳо ҷашни бозӣ, балки арҷгузорӣ ба фарҳанг, дӯстӣ ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бояд таъкид кард, ки маҳз ташаббуси мондагору дурбинонаи шахсияти варзишпарвар, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти рушди футбол дар Тоҷикистон ва ба вуҷуд овардани фазову шароити мусоид барои ҷавонони шефтаи футбол боис гардид, ки кишвари мо ба яке аз марказҳои фаъоли рушди футбол дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Имрӯз футбол воситаи тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои наврасону ҷавонон аст. Ин бозӣ дар тарзи ҳаёти солим, рушди маърифати варзишӣ, ташаккули хислатҳои хуби инсонӣ, аз қабили ҳамкорӣ, эҳтиром ва масъулиятшиносӣ таъсири нек дорад. Ҷавонону наврасон, ки неруи асосию пешбари ҷомеа ба шумор мераванд, имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати варзишии кишвар қарор доранд. Ташкили мактабҳои варзишӣ, майдончаҳои футбол дар ҳар як шаҳру ноҳия, баргузории мусобиқаҳо ва ҷалби мураббиёни соҳибтаҷриба имкон медиҳад, ки насли нав бо руҳияи баланди варзишӣ ба воя расанд. Бозигарони ҷавони тоҷик, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ном баровардаанд, намунаи равшани ин сиёсати дурандешона мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон корҳои зиёде дар самти рушди инфрасохтори футбол, аз қабили бунёди майдонҳои муосири футбол, марказҳои омӯзишӣ барои мураббиён ва доварон, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо федератсияҳои пешрафтаи ҷаҳон ва ғайра, анҷом шудаанд, ки ҳамаи ин ба рушди бахши футбол заминаи устувор гузоштааст. Ифтитоҳи Академияи футболи наврасон ва ташкили лигаҳои синнӣ — аз наврасон то калонсолон далели бебаҳси пешравии пайвастаи ин самти муҳим мебошад.
Хулоса, футболи имрӯза як бозии одӣ нест — он ҷузъи муҳимми фарҳанг ва худшиносии миллӣ шудааст. Рӯзи ҷаҳонии футбол як рамзи ҳамбастагӣ ва имкони нав барои ҷавонон аст, то худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Барои мо — омӯзгорон, волидон ва масъулин муҳим аст, ки ин имкониятро истифода бурда, ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят созем. Барои омӯзгорон футбол як воситаи муассири маърифат ва тарбияи насли нав мебошад. Бо ёрии футбол ҷавонон на танҳо қобилиятҳову сифатҳои ҷисмонии худро таҳким медиҳанд, балки арзишҳои ахлоқӣ, аз ҷумла, масъулият, ҳамоҳангӣ ва эҳтироми якдигарро меомӯзанд. Ин варзиш ба онҳо ёрдам мекунад, ки на танҳо дар майдон, балки дар зиндагии ҳаррӯза низ бо ҳамкории оила ва ҷомеа натиҷаҳои хуб ба даст оваранд. Аз ин рӯ, футбол барои ҷавонон як воситаи муассир дар рушди шахсият, тарбияи маънавӣ, ҷисмонӣ ва пешгирии рафтори номатлуб маҳсуб мешаванд. Биёед, имрӯз Рӯзи футболро ҷашн гирем, на танҳо чун навъе аз варзиш, балки чун пуле миёни қалбҳои мардуми ҷаҳон.
Ҷаҳонгир ФАЙЗЗОДА,
мудири кафедраи назария ва методикаи
тарбияи ҷисмонии ДТҶТ ба номи Саидмуъмин Раҳимов