
Зумрад ҚУРБОНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №58-и шаҳри Ҳисор
Омӯзгорони соҳибтаҷриба хуб медонанд, ки кор бо кӯдакони хурдсол, махсусан, онҳое, ки бори аввал ба мактаб қадам мегузоранд, хеле душвор аст. Хусусан, хурдсолоне, ки ба кӯдакистон нарафтаанду навиштану хондан ва ҳисоб намуданро намедонанд. Табиист, ки ба ин бачаҳо волидонашон кам таваҷҷуҳ кардаанд…
Дар чунин ҳолат баъзе аз омӯзгорони ҷавону камтаҷрибае, ки собиқаи ками корӣ дар ин даргоҳи муқаддас-мактабро доранду дар синфҳои ибтидоӣ, махсусан, синфи як дарс медиҳанд, душворӣ мекашанд. Онҳо дар рафти дарс, ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ба кӯдакони сустхону сустфаҳм бо ҳиҷо хондану навиштани алифборо омӯзонанд, аммо дар бисёр ҳолат натиҷаи амалашон чандон қаноатбахш намешавад. Аммо омӯзгорони ҷавон бояд руҳафтода нагашта, бояд дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои раванди таълиму тарбия шаванд, зеро ҳар як падару модар ба мо-омӯзгорон бовар карда, боумед ҷигарбанди худро ба мактаб меорад, то ки ба фарзандашон хондану навиштанро омӯзонем. Пас, вазифаи ҷонии мо-омӯзгорон аз он иборат аст, ки бо сабру таҳаммул ба ҳамаи кӯдакон, новобаста аз сустхон, сустфаҳм ё шӯхтабиат будан, хатту савод, илму дониш омӯзонем.
Илми омӯзгорӣ-педагогӣ роҳҳоеро мушаххас намудааст, ки аз ин онҳо кор гирифтан манфиатбахш мебошад. Равишҳое низ ҳастанд, ки бо истифода аз онҳо ба кӯдакони сустхон ва ё лаёқаташон суст низ хондану навиштанро омӯзондан мумкин аст. Барои ин аввал хоҳиш ва баъдан донишу саводи баланди педагогӣ доштан зарур аст. Ман ҳамчун омӯзгор чанд усулро, ки худам таҷриба кардаам, манзури омӯзгорон, махсусан, муаллимони ҷавону камтаҷриба мегардонам. Аввалан, ҳар як омӯзгоре, ки дар синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад, бояд бо шогирдони сустхон хушмуомила, хушгуфтору хушрафтор бошад ва ба онҳо нисбат ба дигар шогирдон аҳаммияти бештар диҳад. Дигар ин ки барои бештар омӯхтан ва зиёд кардани таҷрибаи муаллимии худ ба дарсҳои омӯзгороне, ки таҷрибаи зиёд доранд ва аз уҳдаи кор ба хубӣ мебароянд, бештар даромада иштирок намояд ва аз онҳо равиши кор омӯзад. Агар омӯзгор эҷодкор ва ба кораш шавқманд бошад, зуд нозукиҳои пешаашро меомӯзад.
Яке аз роҳҳои дигаре, ки мешавад, чунин кӯдаконро хондану навиштанро омӯзонд, бо ҳиҷо хондани алифбо мебошад. Яъне, ҳангоми гузаштани дарс, алифборо бо ҳиҷо ва оҳиста-оҳиста хондан лозим аст, то ки дар зеҳни наврас нақш бандад. Агар мо-омӯзгорон дар рафти дарс аз ҳиҷоҳои якоҳанг, масалан: ла, ло, лу, лӯ, ли, ле; на, но, ну, нӯ, ни, не, ва, ма, мо, му, мӯ, ми, ме истифода накунему аз ҳиҷоҳои омехта кор гирем, хонандагон тез хонданро меомӯзанду саводнок мешаванд.
Хонандаи сустхон ва сустзеҳн ҳиҷоҳои якоҳангу кӯтоҳро мисли тӯтӣ аз даҳони ҳамсинфонаш такрор мекунад ва дар мағзаш шифоҳӣ нақш мебандад, аммо ҳангоми хондан дар китоб ранҷ мекашанд. Баъзеи онҳо дар хона ё дар мактаб бо ёрии рафиқонашон саҳифаи китоби “Алифбо”-ро тӯтивор аз ёд мекунанд. Агар ба онҳо дигар ҳиҷо ё калимаҳоро нишон диҳед, хонда наметавонанд. Барои пешгирӣ аз ин ҳолат агар ҳиҷоҳои омехтаро истифода намоем ва бештар дар тахтаи синф ё ин ки дафтари хонанда қайд кунем, онҳо дар муддати кӯтоҳ хондану навиштанро аз худ мекунанд.
Яке аз роҳҳои дигар сохтани калима ва ҷумлаҳо бо ҳиҷоҳои омехта ва аз се ҳарф иборатбуда мебошад. Мавод, яъне, агар ҳиҷоҳоро дар шакли картотека дар картон ва ё дигар аёният дар шакли зебо ва бо калимаҳои дӯстдоштаи кӯдакон сохта, барояшон пешниҳод намоем, натиҷаи назаррас медиҳад.
Вақте наврас калимаи “модар”-ро бо ҳиҷо мо+дар мехонад, хеле хушҳол мешавад ва бо як нишот ва аз сидқи дил чунин ҷавоб медиҳад:
— Муаллима, ин калима ”модар” мешавад. Сипас, онро аз худ карда, меомӯзад. Бо чунин тарз, хонанда худаш кӯшиш мекунад, ки ҳиҷоҳоро бо ҳам пайваста, калимаҳоро бихонад.
Метавонем аёниятро бо чунин шакл омода намоем:
Омӯзгорони синфҳои ибтидоиро лозим аст, ки дар ҷараёни дарсҳо ба воситаи усулҳои нави таълим ва бозиҳои дидактикӣ аз ҳиҷоҳои омехта бисёртар истифода баранд. Масалан, аз бозии “Шоҳмот”:
1. Муаллим дар картонҳо ва ё қоғази сафед бо ҳарфҳои калон ҳиҷоҳои гуногун навишта, ду хонандаро ба мусобиқа даъват мекунад. Онҳо якчанд қадам дуртар аз омӯзгор қарор мегиранд. Омӯзгор ба онҳо як ҳиҷо: “Ва”-ро нишон медиҳад, касе пештар ҳиҷоро хонд, як қадам ба пеш мебарояд, ҳиҷои дуюм “тан”, |Ва-тан|. Ҳамин тавр, хонандае, ки ҳамаи ҳиҷоҳоро дуруст хонд ва то ба назди муаллим омад, ғолиб дониста мешавад. Ҳангоми бозӣ донишомӯзон кӯшиш мекунанд, хондани ҳиҷоҳои омехтаро ҳарчи зудтар аз худ кунанд, то ки ба рафиқонашон ғолиб оянд.
2. Кӯдак расмҳои ранга ва бозиҳоро дӯст медорад. Ҳамон ҳиҷоҳоро ба ягон ситорачаи зебое мечаспонем ва ба бачаҳо муроҷиат карда, мегӯем, ки касе ин ҳиҷоро хонад, соҳиби ҳамин ситорача мешавад.
Педагоги бузург К.Д. Ушинский хеле хуб гуфтааст: “Агар шумо ба синфе дароед, ки аз он як калима ҳам шунидан мумкин набошад, корро аз нишон додани расм оғоз кунед, он гоҳ синф ба гап медарояд”.
Бояд гуфт, ки чунин тарзи бозиҳо бо хонандагони лаёқаташон суст бештар кумак мерасонад ва албатта, натиҷаи хуб ҳам медиҳад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки вазифаи муҳимтарини муносибати инфиродӣ бо хонандагон муҳайё сохтани имкониятҳо барои бачаҳо дар такмили фаъолияташон мебошад. Ин бо роҳи муҳайё кардани фаъолнокии маромҳо, таъсирот бо доираи худогоҳӣ, фаъолсозии кори зеҳнӣ ва ба ҳисоб гирифтани ҳиссиёти кӯдакон ба даст оварда мешавад.
Муносибати фардӣ ба ошкор намудани имконияти фардии хонандагон, ба мустаҳкам намудани фаъолияти шахсӣ ва ошкорсозии такрорнашавандагии шахсияти ӯ мусоидат менамояд. Ин маънои онро дорад, ки муносибати инфиродӣ бо ҳамаи хонандагони синф, ҳам бо хонандагони сустхон, ҳам бо хонандагони бадрафтор ва ҳам бо хонандагони дорои дараҷаи баланди инкишофи қобилият лозим аст. Дар ҳар як кӯдак қобилиятҳои инфиродие мавҷуд аст, ки онҳоро бояд инкишоф дод ва онҳо метавонанд, ба тарафҳои пурқуввати хонанда табдил ёбанд. Пас, омӯзгорони навкору ҷавонро лозим аст, ки дар ин замина аз таҷрибаи устодони собиқадору соҳибмактаб истифода намуда, барои саводнок кардани насли навраси кишвар хидмати шоиста анҷом диҳанд.