
13 майи соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи нахустин ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Ян баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат вазири маориф ва илм ба ҷониби Чин барои ташкили сатҳи баланди ҳамоиши мазкур изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории ин ҷаласа саҳифаи наверо дар таърихи ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ва Чин дар соҳаи маориф хоҳад кушод.
Тарафҳо ҷараёни рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маорифро натиҷаи равобити мустаҳками роҳбарони олии ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 5000 донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд, ки ин далели равшани рушди робитаҳои мутақобилан судманд дар самти маориф мебошад.
Ҳамзамон, ба фаъолияти пурсамари Пажӯҳишгоҳи Конфутсий, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад, баҳои мусбат дода шуда, он ҳамчун намунаи муваффақи ҳамкориҳо дар самти фарҳангу маориф арзёбӣ гардид.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бо назардошти афзоиши талабот ба мутахассисони самтҳои инноватсионӣ, ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин, махсусан дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, барои ояндаи рушди кадрии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар анҷом, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалии дуҷониба дар бахши маориф иброз дошта, оид ба тавсеаи барномаҳои муштарак ва ҷудо гардидани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон