
12 майи соли 2025 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин нахустин нишасти вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ин чорабинии сатҳи баланд бо ширкати роҳбарони вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида, имкони муҳимми муаррифии роҳҳои наву инноватсионии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф мебошад.
Мизбони чорабинӣ — муовини вазири маорифи Чин У Ян нишастро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, дар идома ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда бо суханрониҳои хеш масъалаҳои мубрами рушди маориф ва зарурати густариши ҳамгироии таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии муносибатҳои геополитикӣ, омӯзишу таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ ҳамчун рукни асосии рушди ҳар як ҷомеа аҳамияти хосса пайдо намудаанд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳандозии формати “Чин — Осиёи Марказӣ” заминаҳои густурдаеро барои муколама ва табодули таҷрибаи муассир миёни кишварҳои минтақа фароҳам меорад: “Ташкили ин нишаст ба мо имкон медиҳад, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мушкилоту имкониятҳоро якҷоя баррасӣ намуда, қадамҳои устувор дар самти ҳамкории академӣ ва илмӣ гузорем,” — зикр кард вазир.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ инчунин ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми таҳсилотӣ, густариши лоиҳаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои ҳамтаълимӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таълими пайвастаи калонсолон ва ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ дар самти технологияҳои нав ишора намуд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён “Оинномаи кории Механизми нишасти вазирони маорифи Чин — Осиёи Марказӣ” ва “Эъломияи Урумчӣ” ба тасвиб расиданд. Ин санадҳо самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаро муайян намуда, аҳамияти омӯзиши забон, таҳқиқоти илмӣ, тарбияи муҳандисони соҳибтахассус ва мутахассисони рақобатпазирро дар бозори меҳнат таъкид мекунанд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи ин нишаст маросими ифтитоҳи як қатор лоиҳаҳои муҳимми муштарак, аз ҷумла, таъсиси Паймони ҳамгироии истеҳсолот ва таҳсилоти “Чин – Осиёи Марказӣ”, ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии такмили ихтисоси омӯзгорон, оғози фаъолияти як маркази байналмилалии тиббӣ дар Остона, лабораторияҳои муштараки илмӣ ва имзои чандин ёддошту созишномаҳо миёни муассисаҳои таълимии кишварҳо баргузор шуд.
Бояд гуфт, чорабинии мазкур ба ҳайси як платформаи муосир барои таҳкими робитаҳо, ташаккули муҳити академии муосир ва таъмини рушди устувори низоми маориф дар кишварҳои минтақа арзёбӣ гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон