Файзулло САФАРОВ,
дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ
ва автоматикунонии филиали
Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ
«МИСиС» дар шаҳри Душанбе

Асри рақамикунонӣ ва инноватсия моро водор месозад, ки на танҳо тарзи зиндагӣ, балки тарзи тафаккурро низ рушд диҳем. Бо дарназардошти рушди илму техника кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии кори соҳаи маориф талош варзида, ҷиҳати осон намудани омӯзиш ва сарфаи вақт, инчунин, самаранок кардани раванди таълим, баланд бардоштани самаранокии илм аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода мебаранд. Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар замони имрӯз ба яке аз масъалаҳои муҳим барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхусус, соҳаи маориф мубаддал гардидааст, ки он метавонад ба пешрафти соҳаи иқтисодии кишвар мусоидат намояд [1].

Амалисозии иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки хидматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода кардани мутахассисони лаёқатноки соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир ва дар маҷмуъ, сатҳи зиндагии аҳолии кишвар беҳтар гардад.

Дар пойгоҳи рақамии мустақили иртиботию ҷустории www.Dodaho.tj метавон хидматрасониҳои электрониро, аз қабили Ҳуҷҷатгузории рақамӣ (Digi Doc), Суди электронӣ (e-Court), Манзили электронӣ (e-Residency), Хидматрасонии муқарраркунандаи минтақаи шахс (Location-Based (Services), Корти электронии муаррификунандаи шахсият (E — ID Card), Имзои рақамӣ (e-signature), Қонунгузориии электронӣ (e-Law), Мактаби электронӣ (e-School), Бақайдгирии электронии замин (E — Land Register), Таваққуфгоҳи мобилӣ (m-Parking), Бақайдгирии электронии тиҷорат (e — Business Register), Сиёсати электронӣ (e-Policу), Андози электронӣ (e — Tax), Овоздиҳии электронӣ (e-Voting), Шиносномаи мобилӣ (Mobile — ID), Идораи электронӣ (e-Cabinet), Дорухати электронӣ (e -Prescription), Сабти электронии вазъи тандурустӣ (e — Health Record), Пардохти мобилӣ (Mobile Payment) ва ғайраро ба роҳ монд.

Мафҳуми «рақамикунонӣ» васеъ буда, маънои корбурди барномаҳои гуногун, замимаҳо ва дигар захираҳои рақамӣ дар таълими электронӣ, ҳам дар шакли фосилавӣ ва ҳам рӯзона дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Масалан, дар дохили синф ҳангоми иҷрои баъзе супоришҳо бо воситаи компютер ё планшет мушоҳида кардан мумкин аст. Гузашта аз ин, рақамикунонӣ на танҳо дар ҷараёни корҳои таълим, балки дар фаъолияти ташкили раванди омӯзиш ҳам мушоҳида мешавад. Намунаи рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои электронӣ, ҳамчунин, имкони навиштани паёмакҳо ба муаллим ба ҷои занг задан ё боздиди шахсӣ дар мактаб аз унсурҳои рақамикунонӣ маҳсуб меёбанд [2].

Дар ин росто, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2020, таҳти №409 “Дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию иртиботӣ” таҷриба шуда истодааст. Барномаи “eDonish” хидматрасонии электронӣ мебошад, ки тавасути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву иртиботӣ бо гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Равандҳои рақамикунонӣ ҳанӯз пештар оғоз ёфта буд. Истифодаи васоити рақамӣ дар маориф падидаи умумиҷаҳонӣ гардид. Рақамикунонии таҳсилот [3] якчанд марҳиларо аз cap гузаронд ва дар ҳар як гузариш, ба истилоҳ, равандҳои гуногунро ифода мекунанд:

  1. Рақамикунонӣ дар миёнаи солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадум ба рушди саводнокии компютерӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин боиси ташкил гардидани аввалин синфхонаҳои компютерӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо гардид.
  2. Миёнаҳои солҳои 2000 оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар раванди таълим чораҷӯиҳо оғоз гардид. Дастгоҳҳои рақамӣ ва барномаҳо на танҳо дар дарсҳои информатика мавриди истифода қарор доштанд, балки дар ҷараёни таълими дигар фанҳо низ пешбинӣ гардид.
  3. Раванди марҳилаи сеюм тақрибан аз соли 2018 амалӣ шуда, аллакай, дар бораи табдили рақамӣ (трансформатсия) сухан меравад. Ба истилоҳи дигар, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар тамоми равандҳои маориф ҷорӣ гардид.

Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки раванди таълим пурмазмунтар гардад. Дарс дар муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз усулҳои рақамӣ: рӯнамоҳо, видеодарсҳо, намоишҳои нақшофаришуда, омӯзиши мустақимона ва ғайра, хусусияти нав пайдо кардааст. Омӯзиши рақамӣ манфиатҳои зиёд меорад ва малакаҳои кӯдак ё донишҷӯро инкишоф медиҳад. Суоле ҳаст, ки бартариҳои низоми таҳсилоти рақамӣ барои донишҷӯён дар чӣ эҳсос мешавад [4]?

  1. Ҳавасмандии баланд нисбат ба таҳсил

Дар раванди таълим хонандагоне, ки аз воситаҳои муосир истифода мебаранд, бештар ҷалб карда мешаванд. Ин ба он вобаста аст, ки мавод дар формати ҷолибтар ва қулай пешниҳод мешавад, азхуд кардани он нисбат ба равиши анъанавӣ осон мешавад. Масалан, донишҷӯ нисбат ба мутолиаи матн аз китоби дарсӣ, рӯнаморо бо граффикаҳо, расмҳо ва тавсифи кӯтоҳ омӯзад, ҷолибтар аст.

  1. Қобилияти шарҳ додани чизҳои мураккаб

Технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф имкониятҳои навро барои омӯзиш мекушоянд. Агар қаблан сохтори системаи офтобиро танҳо дар амсилаҳо ё расмҳо нишон додан мумкин буд, ҳоло видеоҳои муфассал аст, ки ҳатто, ҷузъиёти хурдтарин дар он нишон дода шудаанд ва курси онлайн на танҳо видео ва матн, балки санҷишҳои воқеӣ ва унсурҳои бозиро низ пешниҳод менамояд.

III.  Санҷиши одии дониш ва натиҷагирӣ

Баҳогузории донишҷӯён хеле сода аст: заминаҳои махсус мавҷуданд, ки мо метавонем, вазифаҳоро бо санҷиши автоматӣ иҷро намоем. Ба муаллим лозим нест, ки натиҷаҳоро дастӣ ҳисоб кунад: ҳамин ки донишҷӯ супоришро анҷом медиҳад, ба саҳифаи инфиродии [5] муаллим ҳисобот ирсол мешавад. Инчунин, барои курсҳо ҳам метавонем ҳама гуна тест, то ҷавобҳои муфассал барои санҷиши дониши шунавандагони курс, эҷод намоем.

Бо дарназардошти афзалияти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди кори омӯзгорӣ, норасоиҳои низоми рақамиро аз назар гузаронидан мувофиқи мақсад аст, зеро дар асоси ҳадафи стратегӣ, ки манфиатҳои миллии кишварро муайян мекунанд, вазифаҳое ба миён меоянд, ки рушди устувори кишварро дарозмуддат таъмин мекунанд. Амнияти иттилотӣ дар рақамикунонӣ нақши бунёдӣ дорад, зеро киберҷинояткорон ҳадафи ҷиноятро вобаста ба хидматрасонӣ ва амнияти системаҳои иттилоотӣ интихоб мекунанд [6]. Муҳимтарин қоидаи ҳифзи системаи иттилоотии иртиботӣ ин аст.

 Дар системаи омӯзиши фазои маҷозӣ ва муайяннамоии таъсири он ба амнияти иттилоотӣ масъалаи ҳимоя аз хатарҳои имконпазири шабакаҳои иҷтимоӣ барои давлат хеле муҳим аст. Стратегияи ҳимоя намудан бояд дар асоси таҳлили имкон, қудрат, таҳдид ва ҳуҷуми фазои маҷозӣ сурат гирад. Он гоҳ чунин муносибат метавонад, самаранок гардад. Вазъи олами муосир мураккаб, пешгӯинашаванда ва пурихтилоф аст. Дар чунин раванд барои давлати миллӣ, хусусан, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун давлати миллӣ, соҳибтамаддун, соҳибихтиёр ва воҳид рушд намуда истодааст, масъалаи ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ таъмини амнияти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад [7].

Дарвоқеъ, сармояи инсонӣ, бевосита ба таълиму тарбияи дуруст вобаста мебошад. Татбиқи нуктаҳои стратегия метавонад, рушди чашмгири соҳаи маорифро ба вуҷуд орад ва неруи зеҳнии кишварро ба марҳалаи нави ташаккул ворид намояд, чунки дар он тамоми паҳлуҳо ва фаъолияти зинаҳои таҳсилот бо нишон додани мушкилот ва роҳҳои муассири ҳалли онҳо муайян гардидааст. Дар ин миён метавон аз такмил бахшидани стандартҳои сифати таҳсилот ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ёдовар шуд. Дар баробари ин, дар хусуси инкишофи барвақтии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баробари аз худ кардани дониш хонандагон, салоҳияту малакаи тафаккури техникӣ ба ҳисоб меравад [8].

Дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар мадди аввал қарор гирифта, корҳои инноватсионию лабораторию тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ ба таври махсус зикр шудааст. Дар баробари ин, дигар паҳлуҳои маориф ва илми кишвар ҳамаҷониба нишон дода шудааст, ки татбиқи онҳо ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин замина, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст [9], ки ба рушди маориф нигаронида шуда, амалӣ шудани он шарти аслии пешрафт аст.

Яке аз омилҳои рушд ва татбиқи ҳадафмандонаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Возеҳ аст, ки маориф ва илм ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро роҳи наҷот аз буҳрони фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҳар замоне аз низоми фарогири маориф ва илм вобаста мебошад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ, маълумоти комил ва зеҳни сунъӣ мубаддал гардад. Барои амалӣ гардидани ин мақсад, андешидани чораҳои стратегӣ, дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ корбарӣ аз Системаи миллии мустақили иртиботию ҷустории: www.Dodaho.tj аз манфиат холӣ нест.

Хулоса, рушди ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он вобастагӣ дорад. Маҳз сатҳи саводнокии аҳолӣ пойдории ҳар давлату миллатро ҳифз кардааст. Бинобар ин, ҳар яки моро мебояд, ки рисолати хешро дар назди ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми неруву малака, донишу маҳорат ва ҳастии худро ба хотири ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва пешрафти Ватани азизамон сафарбар созем.

Ҳамин тариқ, дар замони равандҳои иқтисодиёти рақамӣ соҳаи маориф ва инноватсия ба ҳам алоқаманд буда, пешрафти онҳо ба рушди ҷомеа, баланд бардоштани сифати зиндагии мардум ва ҳалли мушкилоти мураккаб мусоидат мекунанд.

Адабиёт:

1.   Рушди соҳаи маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. [манбаи электронӣ]. URL: https://avkd.tj/tg/items/3058-rushdi-sohai-maorif-dar-payomi-prezidenti-jumhurii-tojikiston.html.

2.   Муродов И.Р. Рақамикунонӣ ҳамчун самти ояндадори рушди иқтисодиёт // Паёми молия ва иқтисод. — 2024. — № 2 (41). — С. 254-258.

3.   Дидактическая концепция цифрового

профессионального образования и обучения / П.Н. Биленко, В.И. Блинов и другии. – М.: Издательство «Перо», 2019. – 98 с.

4.   Низамова А.Ф. Преимущество использования цифровых ресурсов в образовании / А.Ф. Низамова. – Текст: непосредственный // Молодой ученый. – 2023. – № 48 (495). – С. 208-209.

5.   Цифровая переподготовка: обучение руководителей образовательных организаций. [манбаи электронӣ]. URL: https://edpolicy.ranepa.ru/digital-retraining.

6.   Сафаров Ф.Г. Информационная безопасность в условиях цифровой экономики. [Монография]. Душанбе, «Сифат чоп» 2023 – 342 с.

7.   Сафаров Ф.Г.  Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ. Паёми ДМТ, Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ 2024. №7. (309). — С. 280 — 287.

8.   Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ// Маводи конференсияи илмӣ-амалии профессорон, омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавони ДДҲБСТ/- Хуҷанд: «Дабир», 2023. — 176 с.

9.   Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: Strategiyai rushdi maorif.pdf. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *