С.Х. ЗУБАЙДУЛЛОЗОДА, устоди Донишгоҳи омӯзгории 

давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 

Ироаи Паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлолу озод, рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон (28.12.2024) соҳаи маорифро як самти асосӣ ва стратегӣ дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ намуданд. Воқеан, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ибтикороти созандаву ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат соҳаи илму маориф бо суръати тамом рӯ ба инкишоф ниҳод.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рушди соҳаи маориф ва бартараф кардани мушкилоти он чораҳои саривақтӣ ва муассир андешида шуда, давра ба давра, бо қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва консепсияву барномаҳои давлатӣ иқдомҳои ҷиддӣ амалӣ гардидаанд. Дар ин бора Роҳбари давлат иброз доштанд: Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд”.

Ҳамзамон, Сарвари кишвар аз дастовардҳои чашмгири соҳаи маориф дар солҳои охир ёдрас шуда, гуфтанд, ки “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла, 170 литсею гимназия, яъне, муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба зинаи таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, боло бурдани дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ изҳори назар намуда, ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба масъалаҳои мазкур дастуру супоришҳои зарурӣ доданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар ин самт ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута дастур доданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сабабҳои асосии бадбахтии халқу миллатҳо ва давлатҳоро дар эътибор надодан ба сифати таҳсилот, вазъи мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия донистанд.

Сарвари хирадсолори мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор дода, барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар, махсусан, дар самти таълиму тарбияи онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд.

Дар ҳақиқат, ҳамасола шумораи зиёди ҷавонон тавассути квотаҳои Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи кишвар дохил шуда, ҳамчунин, ба дигар давлатҳои ҷаҳон барои таҳсил фиристода мешаванд, ки ин гувоҳи рӯшан аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат мебошад. Агар дар соли 2021 ҷавонони мо дар 25 давлати хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда бошанд, пас дар соли таҳсили 2023 зиёда аз 42 ҳазор ҷавони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба илму донишомӯзӣ машғул ҳастанд.

Дар ин маврид дар Паём чунин таъкид сурат гирифт: «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд».

Ҳамин тавр, Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дар бар гирифта, махсусан, ба масъалаи маориф, илм ва тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хос гардид. Пас, ҳар яки моро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҷавононро, пеш аз ҳама, дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намуда, бо ҳифзи касбу ҳунар ва донишу малакаҳои муосир онҳоро дар шоҳроҳи илму маънавият ба воя расонем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *