Субҳони АЪЗАМЗОД,
доктори илми филология

Нимаи аввали солҳои 90-уми садаи ХХ

Маҷаллаи таълимӣ-методӣ ва илмиву оммавии Вазорати маорифи халқи Тоҷикистон – «Маърифат», ки имрӯз бо номи «Маърифати омӯзгор» дар хидмати ҷомеаи соҳибистиқлол аст, идомаи «Мактаби советӣ» мебошад. Маҷалла то моҳи декабри соли 1990 бо номи «Мактаби советӣ» ба нашр мерасид. Ин замоне буд, ки дар ҷомеа дигаргунӣ ва ислоҳоти куллӣ падид омад, «ғояи инсонгароии омӯзишу парвариш барои мактаби тоҷикӣ ва ислоҳи он» арзиш пайдо кард ва «фикри ҷӯяндаи донишмандони Шуравӣ фаъол шуд, масъалаҳои гуногуни мактаб дар ҷамъомадҳо ва матбуот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд» [11, с. 15].

Яке аз талабҳои ҷиддӣ ворид кардани дигаргунӣ ва ислоҳот дар низоми омӯзишу парвариш, хосса, дар таълими илмҳои инсонӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ, ба вежа, тағйири сифати барнома ва китобҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик, гузориши мушкилот ва муаммои фаҳмиши нав дар шинохти шеър ва маслаку мароми он, вежагии шеъри классикӣ, дар маҷмуъ, бозтоби ҳастии адабиёт ва шинохти тозаи он мебошад, ки гузориши ин муаммоҳо дар давраи охири фаъолияти маҷаллаи «Мактаби советӣ» арзиш пайдо кард ва дар замони табдили номи он ба «Маърифат» такмил ёфта, маҷалла дар ин ҷода ҳамчун маркази муҳимми гузориш ва баҳрамандӣ аз ормонҳои нави ҷомеӣ шинохта гардид.

Дар ин давра бисёре аз мақолаҳои аҳли тахассус ба муносибати тағйир ёфтани вазъи омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик, беҳтар кардани сатҳу сифати барномаву китобҳои дарсӣ, сайқал додани савия ва зеҳни адабиётфаҳмии аҳли замон ба миён омадаанд. Гузориши руҳи замон-бознамоии дигаргуниҳои адабӣ ва таъкиди роҳҳои дурусти расидан ба ниёзҳои навин дар мақолаи профессор Холиқ Мирзозода «Адабиёти ҷадида дар программа ва китобҳои дарсӣ» (Мактаби советӣ, №10, 1990) чунин ба миён гузошта шудааст: «Дар замони ҳозира дар бораи бозсозӣ ё ки азнавсозӣ бисёр ҳарф мезанем, вале аксарияти мутлақ намедонем, ки аз чӣ бояд сар кард ва идеали он чист» [7, с. 24]. Аз ин ҷиҳат агар ба силсилаи мақолаву гузоришҳои маҷаллаи «Мактаби советӣ» дар соли 1990 рӯй оварем, мо бо нишондодҳои матлуби муносибати нав ба адабиёт ва шеър бармехурем. Ба вежа, падид омадани рубрикаҳои «Тафсири шеърҳои китоби дарсӣ», «Тафсири порчаҳои шеърии китобҳои дарсӣ», «Шарҳу тафсири порчаҳои назми классикӣ дар китобҳои дарсӣ» ва дар онҳо ба нашр рафтани мақолаҳои мутахассисони варзидаи адабиёт, аз ҷумла, Абдулманнон Насриддинов «Тафсир ва таълими як тимсоли адабӣ» (№5, с. 19-23), «Чанд қайд оид ба маънигузорӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ» (№9, 1990 с. 27-30), Муҳаммад Ансор «Мо шеърро чӣ тавр мефаҳмем?» (№6, 1990, с. 25-28), Мирзо Солеҳ «Рамзошнои маънӣ боястӣ» (№10, 1990, с. 27-29), Шукур Ҷумъазода «Бо як нигоҳ шеърро наметавон шинохт» (№11, 1990, с. 32-34), Аъзам Худойдод «Омӯзиши муносибати Алишер Навоӣ-Фонӣ ба ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар мактаб» (№12, 1990, с. 21-24) далел ба нуфузи ин қазия дар он давраи фарорафт ба фаҳмиши адабиёт дар пайванд ба муҳтавои барномаву китобҳои дарсии адабиёти тоҷиканд. Агар боз бештар фаротар равем, мақолаҳои аҳли таҳқиқ дар ин маҷалла баробари мақолаву гузоришҳои нашрияҳои дигари миллии тоҷикии нимаи дувуми солҳои 80-уми садаи ХХ аз аввалин нишонаҳои нишотбахши дарки асосҳои шеъри классик берун аз талаби таълимоти марксистиянд. Аммо таъсири ин равандҳо дар мубориза барои худшиносӣ, пайванди дирӯз ва имрӯзу фардо, шинохти чеҳраи миллӣ ва суннатҳои фикрии ниёгон дар замони пурбаҳси бозсозӣ бештар ба эҳсос мерасанд.

Аз охирин шумораҳои «Мактаби советӣ»-и соли 1990 дармеёбем, ки нашрияи «Маърифат» дар соли 1991 ният дошта, бахши «Шарҳу тафсири порчаҳои назмӣ аз китобҳои дарсӣ»-ро чун вазифаи аввалиндараҷа идома диҳад ва дар ин арса қадами устувор гузорад. Яке аз гузоришгарони қазия дар он давр (Пӯлодова аз Хуҷанд) моҳияти тамоюлро чунин гуфта: «ҷараёни дарси адабиётро завқбахш мегардонанд, мо, омӯзгоронро дар таҳлилу шарҳи порчаҳои шеърӣ аз саҳву хатоҳо эмин медоранд»[6,с. 60].

Ҳамин тавр, мақолаҳои таълими адабиёт ва шеър дар маҷаллаи «Маърифат»-ро дар маҷмуи умумии раванди солҳои 90-уми садаи ХХ ба чанд даста метавонем, ҷудо намоем. Дар ин мақолаҳо яке аз масъалаҳои меҳвариву ҷиддӣ усулҳои нави баҳрамандӣ аз адабиёт ва шеър дар мактаби миёна аст. Ин нукта дар қолаби муаммои асосҳои маънавии инсонигарии омӯзиш дар таълими забону адабиёти тоҷик ба миён омада, дар ин боб гуфтугӯи зиёд шудааст [11; 12]. «Инсонгароии таълим дар даврони навсозӣ ва демократӣ кардани ҷамъият, ҳангоми устувор намудани пояҳои гуманистии он як ҳодисаи табиӣ буд» [11, с. 28].

Ҷолиби диққат аст, ки маҷалла низ ба роҳу усули замонии омӯзиши адабиёт, беҳтар кардани асли сифати китобҳои дарсӣ ва дигаргунии муҳтавои барномаҳои таълими адабиёт дар мактабҳои миёна, чигунагии таснифи иншо ва билетҳои имтиҳон диққати хос дода, мавқеяшро дар ин арса ба таври бесобиқа нишон додааст.

Ба мақолаҳои ин давра танқиди солҳои, ба истилоҳ, карахтӣ дар соҳаи мактабу маориф, дурӣ ҷустан аз таъсири омӯзиши адабиёт ба равиши ғарбӣ ё русӣ ва андӯхтани осори адабӣ аз рӯйи усули суннатии классикӣ хос аст. Аз сабаби он ки чанде аз методистон барнома ва китобҳои пешинаи адабиёти тоҷикро барои хонандагони онвақтаи мактабҳо аз «бесарусомонии бисёр» (С. Маҳкамов) иборат дониста, носозгории мавзуъҳои онҳоро танқид кардаанд, дар саҳифаҳои маҷалла ду барномаи нави омӯзиши адабиёт ба нашр расида, ба муҳокимаи васеи аҳли илму маориф гузошта шудаанд. Аз ҷумла, дар «Барномаи алтернативӣ оид ба адабиёт барои синфҳои 9-11-уми мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ» (муаллифон М. Ансор ва Ҳ. Қаҳҳоров, 1991, №12) ва «Барномаи курси хониши адабии синфҳои 5-7» (муаллифон Ҳ. Қаҳҳоров, М. Ансор ва С. Маҳкамов, 1994, №7-8) моҳияти навгониҳои он замон ва равиши тозаи баҳрамандӣ аз адабиёт бознамоянд.

Соли 1991 озмуни китобҳои дарсӣ эълон гашт (1991, №4, с. 27-28) ва низомномаи он низ ба табъ расид (1991, №5, с. 22-28). Аз муаллифон ширкати фаъол дар ин маърака хеле муҳим буд, ки ба ин муносибат шароит ба офаридани китобҳои дарсии замонавӣ ба вуҷуд биёяд. Вобаста ба ин дар кишвар силсилаи китобҳои дарсӣ падид омаданд, лекин сифати на ҳама китобҳо ба замон ҷавоб медоданд, аз ин рӯ, бисёре аз норасоиҳои онҳо дар маҷаллаи «Маърифат» шадидан интиқод шудаанд. Аз ин ҷиҳат, мақолаи М. Ансор ва Ҳ. Қаҳҳор «Зоғ нағмасаро гашту ҷуғз қофиясанҷ» (Маърифат, 1993, №3-4, с. 32-44) маҳсули ҳамон муносибати танқидӣ ба китобҳои дарсии адабӣ аст, ки ба нақди муҳтавои «Методикаи таълими адабиёти тоҷик»-и Т. Миров, Ш. Исломов ва Қ. Хоҷаев бахшида шудааст. Ҳамзамон, С. Ашӯрзод ном омӯзгор дар мақолаи «Таълим нозу шӯхӣ барнамедорад» ба арзёбии интиқодии ду китоб – «Рисолаи иншо»-и У. Тоҳир, Р. Ҷалол ва «Усули навиштани иншо»-и А. Абдуллоев (бо ҳаммуаллифии дигарон) кӯшида ва тору пуди ин баҳсҳо руҳи замонаро медиҳад (1993, №5-6, с. 25-28). Дар бораи бахши барномаи адабиёти билетҳои имтиҳони мактаби миёна методист С. Маҳкамов дар мақолаи «Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат» (1991, №9, с. 19-22) изҳори андеша карда ва омӯзгор Р. Машарифов дар «Номаи бетаҳрир» (1991, №11, с. 25-26) ва «Чун кор наку ояд, чу дастури наку нест?!» андешаҳо дар заминаи бартариву камбудии чанде аз барномаҳои нави адабиёти тоҷик (1994, №7-8, с. 29-30) ба миён гузошта, ҳаллу фасли бетаъхири онро талабидааст. Афзун ба ин бедилшинос Бобобек Раҳимӣ дар «Нохондамуаллиф» ном мақолааш фасли Бедили китоби дарсии Тӯйчӣ Мировро ба зери тозиёнаи танқид гирифта, пешниҳодҳои муфиде ба миён гузоштааст (1995, №1-2, с. 12-21). Ин гуна мақолаҳо бо шавқу шӯри хос хонда шуда, баёнгари завқу ҳавсалаи он замон дар роҳи дигаргуниҳо дар таълим буданд. Ду мақолаи дигари маҷалла ҳамчунин ҷанбаи баҳсу мунозиравӣ доранд, ки ҳардуро А. Афсаҳов (М. Ансор) навиштааст. Мақолаи аввал «Ҳунар донад аз ҷоҳилӣ айби хеш» «маслиҳат ба насиҳатгарони «Адаб» – А. Нуралиев, Қ. Шарифзода (1997, №7-8, с. 11-17) мебошад ва мақолаи дувум «Ҳаваси беҷо» ном дорад, ки дар посух ба адабиётшинос ва омӯзгор Киром Остон ба вуҷуд омадааст (1992, №1, с. 19-21).

Чанде аз мақолаҳо ба таҳлили рӯзгору эҷодиёти шоирони гузаштаву ҳозираи тоҷик-форс ихтисос доранд, аз ҷумла, мақолаҳои профессор А. Афсаҳзод «Сеҳри ҳалол», ки ба нақду баррасии зиндагиву фаъолияти шоирии Низомии Ганҷавӣ бахшида шудааст (1991, №12, с. 11-14), Нозир Арабзода «Эҷодиёти Носири Хусрав» (1992, №2, с. 13-17), М. Муллоаҳмад «Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир» (1994, №7-8, с. 37-39), Валӣ Самад «Ду чашм ба Шоҳномаву Фирдавсӣ (1997, №7-8, с. 18-20) ва ғайра, дар вусъат ёфтани дониши адабиётфаҳмии омӯзгорони мактаби миёна арзиши баланд доранд.

Дигар гурӯҳи мақолаҳо ба таълими осори якояки суханварон ихтисос дошта, дар онҳо пешниҳодҳои хоси муаллифон дар ин роҳ ба миён гузошта шудаанд. Аз ин ҷиҳат мутолиаи дастурҳои муаллифон М. Аслуддиниён дар мақолаи «Варқа ва Гулшоҳ»-и Айюқӣ (1992, №6, с. 28-29), Ш. Ҷумъаев «Таълими достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар синфи X» (1993, №2, с. 27-34) М. Ансор «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ ва андешаҳо перомуни он» (1991, №1), Ҳ. Қурбонов «Ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз назари устод Рӯдакӣ» (1992, №3, с. 22-24) муҳим мебошанд.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта, бо мақолаҳо дар бораи фаҳмиши назарӣ ва чигунагии жанрҳои адабӣ низ бармехурем, ки яке аз онҳо «Вазни нав»-и Парвиз Нотили Хонларӣ (1991, №10, с. 25-27) аст. Ин мақола баргардон аз форсӣ аст, ки нашри он бо ҳама камбуду нақсаш арзиш дошт (дар навиштаи М. Ансор норасоиҳои он танқид гардид). Дар мақолаҳои И. Икромов «Қасида ва масъалаҳои таълими он» (1995, №3-4, с. 25-27), Ҳ. Назаралӣ «Инкишофи тафаккури хонандагон дар дарси адабиёт» (1993, №3-4, с. 30-31) бо афкори назарии муаллифон ва афкори умумии адабиётшиносӣ ошно мешавем. Онҳо имкон медиҳанд, ки назари устодони мактабӣ ба ин масъалаҳо вусъат ёбад.

Акнун ҷиддан таваҷҷуҳ бикунем, қисмати муҳимми мақолаҳои маҷаллаи «Маърифат» дар равандҳои солҳои 90-уми асри ХХ ҳамоно шарҳу тафсири шеъри классикии форсии тоҷикӣ аст. Ба гуфтаи академик Муҳаммадҷони Шакурӣ «масъалаи шарҳу эзоҳи матни бузургони мо паҳлуҳои мухталиф дорад ва беҳтар аст, ки (онро) мутахассисони ҷудогона мавриди баррасӣ қарор диҳанд» [11, с. 80]. Мо медонем, ки шарҳ барои як асар ё рисола, дар тафсири асари бадеӣ ё илмӣ навишта мешавад. Шарҳнависӣ таърихи қадим дорад. Дар давраи Сосониён тарҷума ва тафсири Авесто Занд ном дошт. Сироҷуддин Алихони Орзу (асри ХVIII) шарҳҳое ба «Искандарнома»-и Низомӣ – «Шукуфаи роз», қасидаҳои Урфии Шерозӣ – «Шарҳи қасоиди Урфӣ», «Гулистон»-и Саъдӣ – «Хиёбони Гулистон», ғазалҳои Хоқонӣ – «Шарҳи Хоқонӣ» навиштааст. Дар «Баҳр-уш-шуруҳ» (Баҳруддин Акбарободӣ) ғазалҳои Ҳофиз суфиёна тафсир ёфтаанд. Шоирон ҳам ба осори худ шарҳ доранд. Ҷомӣ дар «Рисолаи шарҳи рубоиёт» 44 рубоияшро шарҳ додааст. Шарҳҳо ба фарҳангҳо, аз ҷумла, ба фарҳангҳои арабӣ ба форсӣ низ навишта шуданд. Ба фарҳанги манзуми арабӣ-форсии Абунасри Фароҳӣ бо номи «Ҳисоб-ус-сибён» (асри Х1Х) шарҳи зиёд ҳаст, ки онро Каримуддини Даштибаёзӣ навишта.

Дар маҷаллаи «Маърифат» дастоварди муҳим эҳёи падидаи шарҳнависист, ки баъди дигар шудани фазои иҷтимоии кишвари мо сурат ёфт. Маҷалла, асосан, ба шарҳи ашъори Ҳофизи Шерозӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил заминаи ҷиддӣ фароҳам оварда, ҳамзамон, баъзан ашъори Соиби Табрезӣ низ тафсир шудааст. Аз ҳама бештар адабиётшинос Ансор Афсаҳов, ки бо номи Муҳаммад Ансор ва бо тахаллуси Донишвар ҳам нигоштаҳо дорад, ҳамзамон, Бобобек Раҳимӣ ба тафсири ашъори ин ду шоири бузурги сабки ироқиву ҳиндӣ камар бастаанд. Саҳми адабшиносони машҳур Ш.Ҷумъаев, А.Афсаҳзод, В. Самад ва А.Худойдодов дар шарҳи Ҳофиз низ сазовори зикр аст, ки «ҳар кадом як-як ғазали Ҳофизро шарҳ бастанд ва онҳо низ рӯйи чопро диданд» [6, c. 4]. Хонандагони маҷалла аз он шукр кардаанд, ки «бо шарофати бозсозӣ монеаҳои сунъии маърифати фарҳанги ниёгон, аз ҷумла, шеъри волои Аҷам бартараф шуда, ақоиди солим оид ба адабиёт ва муносибати он ба дин изҳор шуд…» [5, с. 25].

Ба эътирофи муаллифони шарҳҳо «таҳлили ашъори осмонии Ҳофиз кори басо душвору масъулиятнок аст, зеро дар ғазалиёти ӯ мавзуъ ва мазмунҳои гуногун бо як маҳорати ҳайратангез ба ҳам омезиш дода шудаанд» [2, с. 23]. Аз ин ҷиҳат, бархе аз ноҳамвориву камбуди ин шарҳҳо ҳам аз тарафи аҳли тахассус ба миён ниҳода шуданд. Барои исботи ин матлаб ба як навиштаи муҳаррири шуъбаи адабиёти маҷалла Ҳомид Қаҳҳоров низ метавон диққат кард: ин шуъба дар оғози кор вазифаеро пай гирифта, ки аз китобҳои дарсӣ ғазалҳои классиконро шарҳ диҳад ва ба омӯзгорону хонандагон пешниҳод кунад, аммо ин кор, албатта, дар аввал бе мушкил набудааст.

Шоири дигари мавриди шарҳи маҷалла Мирзо Абдулқодири Бедил аст, ки аз аввали соли 1994 дар маҷалла оғоз шуд ва сабаби асосии он ҳам дар он бозгӯ гардид, ки китобҳои то он замона «ҳангоми тадриси ҳаёту эҷодиёти Бедил ба ғазали ӯ ҳеҷ аҳаммият дода намешуд, ҳол он ки шоир маҳз ҳамчун ғазалсарои навовару нодиракор дар таърихи адабиёт мақому манзалати рафеъ дорад» [4, с. 18].

Дар маҷаллаи «Маърифат» боре ба шарҳи ғазалҳои Соиби Табрезӣ ҳам кӯшиш шудааст, як намунаи он маҳсули қалами соибшиноси муосири туркӣ Ҳусайн Муҳаммадзодаи Садиқ (дар асл бояд Сиддиқ бошад) бо пешгуфтори М. Ансор мебошад (1994, №5-6, с. 26-30). Дар бораи равиши кори номбурда дар шарҳу тафсири шоирони форсу тоҷик аз ҷониби баъзе адабиётшиносии мо баҳсҳое ҳастанд ва асли симои ӯ ҳамчун туркгаро бознамоӣ шудааст, ки зикри ин нукта ин ҷо зиёдӣ аст. М. Ансор дар пешгуфтори худ ба шарҳи ӯ чанд нуктаи интиқодӣ ҳам изҳор карда ва бо вуҷуди ин бар он ақида аст, ки номбурда «дар шарҳи ғазалҳо аз ҳақиқат берун по наниҳода ва кори ӯ таҷрибаи нахустин ҳам ҳаст. Бинобар ин мо онҳоро иҷмолан омодаи чоп сохтем, то хонандагони маҷалла низ аз онҳо бархурдор бошанд» [9, с. 26].

Дар раванди шарҳнигорӣ ва кори шарҳҳо ҷо-ҷо ноқаноатмандӣ аз роҳу равиши таълими ҷории адабиёт дар мактабҳо, таҳрифи андешаҳои адибони гузашта ва таълими нави шеър дур аз талаботи марксистӣ ва атеизми замон интиқод шудааст. Аз ин ҷиҳат бозгӯи заминаи шарҳи ғазали шоирон барои аҳли мактаб баъди фосилаи дарози таърихии шуравӣ дар он замон аҳаммият дошт ва онро маҳз ҳамин маҷалла гузоштааст. Ба гуфтаи пажуҳанда Шукур Ҷумъазода «ин шева, ки дар ҳаллу фасли ашъори дилангези Хоҷаи бузургвор пеш гирифта, дар адабиётшиносии тоҷик ҳодисаи тоза ва ҳамчунин бисёр содаю гиро буда, дари ганҷинаи бузургеро… ба рӯямон во мекунад ва моро ба сайри ин баҳри нопайдоканор ҳидоят мефармояд» [10, с. 15].

Аз мутолиаи бастаи шумораҳои маҷалла дар он замон, раванди таҳлили мавод равшан мешавад, ки бештар навиштаҳои Муҳаммад Ансор дар шарҳи ғазалҳои Ҳофиз ба дастандаркорони маҷалла писанд омада, асосан ин маҳсул дар саҳифаҳои маҷалла ба нашр рафта ва хонандагон низ тарзу тариқи шарҳи ӯро пазируфтаанд. Дар натиҷа, давоми чаҳор сол беш аз 40 ғазали шоирони давраи гузашта шарҳ дода шуда ва «азбаски дар давоми ин солҳои ноором на ҳамаи омӯзгорону талабагон ба маҷалла обуна шуда тавонистанд ё ҳамаи шумораҳои маҷалларо дастрас накардаанд, идораи маҷалла тасмим гирифт, ки шарҳи ғазалҳои чопшударо дар шакли китобча ба талабгорон пешкаш намояд» [3, с. 4].

Ҳамин тавр шарҳу тафсирҳои пайвастаи шеъри классикӣ дар саҳифаҳои маҷаллаи «Маърифат» заминаи зарурӣ дар роҳи падид омадани чанд китоби шарҳ, аз ҷумла, сабаби дар шакли китобҳои ҷудогона нашр шудани китобҳои Муҳаммад Ансор «Шарҳи чилу ду ғазали Ҳофиз» (1994) ва Бобобек Раҳимӣ «Шарҳи шаст ғазали Бедил» (2004) гардиданд. Ба ин китобҳо маҳз аз он назар метавон баҳои хубу муносиб дод, ки онҳо сарчашмаи нашрашонро аз чунин ибтикори ҷолиби маҷалла мегиранд. Нашри китоби адабиётшиноси варзида Абдулманнон Насриддинов «Маърифат ва шарҳи адабиёт» (Душанбе, 1991) дар он давра ҳам бо ин раванд ҳалқаи меҳварӣ дошта, шарҳнигории адабӣ бо ин пажуҳишҳо ба зинаҳои баланд расид.

Ин нуктаро ҳам бояд бигӯем, ки таҳия ва нашри силсилашарҳу тафсири осори классикони адабиёт барои устодону мактабиён бо саъю кӯшиши зиёди Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва бо қалами олими номвар Шарифмурод Исрофилниё (бархе бо ҳамқаламии М. Султонмамадова) ба нашр расидани китобҳое, монанди «Сухани аҳли дил» (шарҳи достонҳои классикӣ, 2007), «Шарҳи мунтахаби ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ» (2016), «Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ» (2017) ва ғайра, идомаи босамари шарҳнависии даҳаи 90-уми садаи ХХ ва марҳалаи дигари кӯшишҳо дар бозкушоии хазинаи пурбори маъниҳои классикон аст.

Маҷаллаи «Маърифат» ба таҳия ва нашри матнҳои куҳнаву нави тоҷикӣ-форсӣ — «Дарахти Ассурик» (таҳияи М. Диловар, 1995, №1-2, с. 24-28), «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун»-и Муҷмалӣ (Д. Хоҷаев, 1992, №1, с. 8-11), ҳамчунин, пажуҳишҳои олимони эронӣ Мударриси Разавӣ — «Анварии Абевардӣ», «Маълумот ва осори Анварӣ» (таҳияи Б. Раҳимӣ, Т. Самадов ва М. Самадова, 1995, №10-11-12, с. 2-20; 1996, №5-6, с. 17-25), Эраҷ Гулисурхӣ «Камоли Хуҷандӣ» (таҳияи С. Аминзод, 1996, №5-6, с. 8-16) низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Метавон хулоса кард, ки дар чунин таҳлилу арзёбии асли қазияи адабиёт ва шеър бори аввал, пеш аз ҳама, асосҳову арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ ҷойгоҳи хос ёфтаанд. Ин аслу ҳақиқати бебаҳс аст, ки бо такя ба ҳамин дастур дар замони шуравӣ ба шеър чун падида ва ё зуҳуроти синфӣ баҳо дода мешуд. Ба шаҳодати аҳли идораи маҷаллаи «Маърифат» чунин дастандаркориҳо «фурӯғи тобони бозсозист, ки боз як гӯшаи то кунун торику зулмонии илму адабу фарҳангу тамаддун таҷаллӣ мебахшад ва ба дилҳо сафо, ба ҷонҳо тавони тоза ато мекунад» [8, с. 28].

Ин навъе аз тавсифи илмии маводи маҷаллаи «Маърифат» дар ҷодаи шинохти адабиёт ва шеър аст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба нашр расида, ба вусъат ва густариш ёфтани донишу малакаи насли омӯзандаи он солҳо ба хидмат омадаанд. Маҷаллаи «Маърифат» барои вусъат ва густариш ёфтани навандешӣ дар омӯзишу парвариши миллӣ нақши сазовор дорад. Аз ин ҷиҳат таърихи андешаи миллӣ ва миллигароии тоҷикии охири даҳаи 90-уми садаи ХХ-ро бе нақши кӯшишу талошҳои дастандаркорони он наметавон тасаввур кард. Бисёре аз мақолаҳои ин маҷаллаи ҳармоҳаи таълимӣ-методӣ ва илмиву оммавӣ имрӯзу фардо низ барои андешамандон, аҳли мутолиа ва омӯзандагон хидмат хоҳанд кард…

Адабиёт:

  1. Ансор, М. Барномаи алтернативӣ оид ба адабиёт барои синфҳои 9-11-уми мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ // Маърифат. – 1991. – №12. – С. 15-30.
  2. Ансор, М. Маънии ду ғазали Ҳофиз // Маърифат 1991. – №4. – С. 23-27.
  3. Ансор, М. Шарҳи чилу ду ғазали Ҳофиз: Ба ёрии омӯзгорони мактабҳои оливу миёна, донишҷӯён ва мактабиён. -Душанбе, 1994. — 128 с.
  4. Ансор, М. Марҳабо ба базми вафо ё ду шарҳи як ғазали Ҳофиз // Маърифат. – 1994. – №1-2. – С. 18-26.
  5. Машарифов, Р. Номаи бетаҳрир // Маърифат. – 1991. – №11. – С. 25-26.
  6. Маҷалла ва хонанда // Мактаби советӣ. – 1990. – №11. – С. 60-62.
  7. Мирзозода, Х. Адабиёти ҷадида дар программа ва китобҳои дарсӣ // Мактаби советӣ. – 1990. – №10. – С. 24-27.
  8. Пригарина, Н. И. Ҳофиз ва таъсири тасаввуф дар ташаккули забони назми форсӣ // Маърифат. – 1991. – №3. – С. 28-40.
  9. Садиқ, Ҳ. М. Шарҳи ғазалҳои Соиб (синфи 10) // Маърифат. – 1994. – №5-6. – С. 26-30.
  10. Ҷумъазода, Ш. Даме бо Ҳофиз / Ш. Ҷумъазода // Маърифат. – 1992. – №1. – С. 15-17.
  11. Шакурӣ, М. Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ / М. Шакурӣ. — Душанбе: Чопхонаи «Пайванд», 2002. – 148 + 154 с. (Ба кириллӣ ва форсӣ).

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *