Иноят ФАЙЗУЛЛОЕВА,
корманди Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

Яке аз дастовардҳои бузурги маънавӣ барои миллати мо таълифи китоби “Тоҷикон” мебошад. Дар айёми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ офаридан ва нашри чунин китоб кори саҳлу осон набуд, зеро бо камтарин иштибоҳ бо ҷурми миллатгароӣ муаллифи чунин китоб кунҷи зиндон ё ҳукми қатлро мегирифт. Сиёсати ҳукумати собиқ Шуравӣ ба дигар миллатҳо имкони омӯзиш ва тарғиби таъриху фарҳангашонро намедод. Фарзанди фарзонаи миллат, аллома Бобоҷон Ғафуров бо саъю талоши зиёд асари машҳури худ — «Тоҷикон»-ро, ки тасвири комили таърихи тоҷиконро дар бар гирифта, хусусияти бузурги бунёдӣ дорад, дар он давраи ҳассосу хатарнок таълиф ва нашр намуд.

Бешак, бузургонро бузургон зинда медоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба омӯзиш, эҳёгардонӣ ва тарғиби таъриху фарҳанги миллати тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба аллома Бобоҷон Ғафуров, нашри чандинкаратаи китобашон — “Тоҷикон” аз тарафи Сарвари кишвар эътирофи ин фарзанди донишманди Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат мебошад. Президенти мамлакат, ҳамзамон, бо анҷоми корҳои бузурги созандагӣ бо нашри китоби “Тоҷикон” ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик ройгон туҳфа кардани он эҳтироми худро нишон доданд. “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров сарчашмаи нодир барои тарғибу омӯзиши таърихи тоҷикон мебошад ва ҳар яки мо зимни муошират бо намояндаи дигар халқиятҳо ҳангоми муаррифии миллати тоҷик такя ба ин китоб менамоем. Бешубҳа, китоби “Тоҷикон” шиносномаи миллати сарбаланди тоҷик маҳсуб меёбад. Оре, таъриху фарҳанг ҳамчун рукнҳои асосии ҳар як ҷомеа муаррифи давлату миллат буда, ҳар як нақши мусбати давлатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият бахшида, барои муносибатҳои сиёсӣ, фарҳангиву иқтисодии байни кишварҳо саҳми арзанда мегузорад. Воқеан, ҳар як қавму миллате, ки дар натиҷаи гардишҳои таърихӣ соҳиби истиқлоли сиёсӣ мегардад, талоши аввалинаш мустаҳкам гардонидани ин мустақилият тавассути тарғиби ғояҳои худшиносиву хештаншиносӣ ва дарк намудани арзишҳои миллӣ, ташкилу бунёди ҳувияти миллӣ мебошад. Баробари ба даст овардани истиқлоли комил, дар ҳар як миллат ғояҳои “Ватанпарастӣ”, “Ҳувияти миллӣ”, “Номуси ватандорӣ”, “Ваҳдату якдилӣ” ҳамчун андешаҳои комил ҷойгоҳу мақоми калидӣ касб мекунанд. Асари “Тоҷикон” мероси гаронбаҳоест барои халқи тоҷик, ки мо онро бо ифтихор сарчашмаи бузургу мукаммали хештаншиносӣ меҳисобем.        

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таълифи асарҳои бузургу мондагор бевосита ба тарғиби таърихи куҳану фарҳанги оламгири тоҷикон машғул мебошанд. Гузаронидани конфронсу мизҳои мудаввар, анҷуману озмунҳо дар омӯзишу тарғиби таъриху фарҳанги миллат корҳои шоистаи Президенти кишвар ба шумор меравад. Оғози тамаддуни мо аз Куруши Кабир буда, идомаи он то Исмоили Сомонӣ расидааст ва имрӯз дар давраи истиқлол пешрафту пойдории давлатдории мо ба Президенти маҳбуби ҷумҳурӣ марбут аст. Мо бояд собит намоем, ки соҳиби тамаддуни куҳан ҳастем ва онро пос дошта, ба насли ояндасозамон омӯзонему ба мерос гузорем. Агар имрӯз навраси тоҷик надонад, ки Спитамен, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Деваштич ва дигар чеҳраҳои мондагори мо чӣ шахсиятҳое ҳастанд, ин, пеш аз ҳама, натиҷаи таълиму тарбияи нодурусти мо-омӯзгорон, хонавода ва аҳли ҷомеа мебошад. Пас, дар ин самт бояд дастаҷамъона корҳои самаровар ба анҷом расонем, ки тарғибгару муаррифи сарчашмаҳои мукаммали фарҳангу таърих ва адабиёти оламшумули мо бошад ва барои бедории ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии насли наврас ҳамчун таҳкурсии қавӣ хидмати арзанда намояд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *