Фирдавс САФАРОВ,
муовини директор оид ба корҳои
тарбиявии МТМУ 177-и ноҳияи Рӯдакӣ

Дарси таърих ҳамчун механизми омӯзиши сабақҳои гузашта дар ҳар шароит барои ташаккули руҳияи ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулиятшиносии хонандагон нақши калидӣ дорад.
Ин фан на танҳо имкони омӯзиши воқеаҳои гузашта аст, балки барои ташаккули афкори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳисси ифтихор аз Ватани ниёӣ асос мегузорад. Ҳар як қисмати таърихи кишвар дорои сабақҳои муҳимми зиндагист, ки ба ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон мусоидат карда, таъсири мусбат мерасонад.
«Ватандӯстӣ» чист?
Вожаи “ватандӯстӣ” маънои эҳтиром ва дӯст доштани Ватан, ҳимояи манфиатҳои он ва ҳисси масъулият дар назди давлату халқро дорад. Тавассути омӯзиши таърих хонандагон мефаҳманд, ки Ватан танҳо як мафҳуми ҷуғрофӣ набуда, балки маҷмуи қимматҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавист. Ҳар як омӯзгори таърихро лозим аст, ки ба хонандагон таъкиди нуктаҳои зеринро ҳангоми дарс мадди назар гирад:
— Шинос кардани хонандагон бо рӯйдодҳои таърихии кишвар;
— Муаррифӣ намудани қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои миллӣ;
— Шинос намудани хонандагон бо хидматҳое, ки шахсиятҳои миллӣ барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд;
— Муаррифии арзишҳои миллату давлат;
— Таъкид ба арзишҳои инсонӣ, аз қабили адолат, озодӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои дигарон.
Инчунин, барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии бачаҳо истифода аз усулҳои дигар низ метавон истифода кард.
Тасвири пурҷозибаи муборизаҳои гуногуни қаҳрамонони таърихӣ (Исмоили Сомонӣ, Шерак, Темурмалик …) барои ҳимояи Ватан метавонанд, ба хонандагон илҳом бахшанд, ки дар ҳифзи марзу буми хеш ҳавасманду тавонманд гарданд. Ҳамзамон, омӯзгор дар дарси таърих метавонад ба хонандагон нишон бидиҳад, ки чӣ гуна гузаштагони мо дар пешрафти илму фарҳанг саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Ҳикояҳо дар бораи қаҳрамонон ва муборизаи онҳо барои озодӣ ва ободии кишвар ҳисси ифтихору масъулиятро бедор мекунанд. Инчунин, сафарҳои таърихӣ ба маконҳои фарҳангию таърихӣ низ ин ҳисси ватандӯстиро тақвият мебахшад.
Муҳокимаи дастовардҳои миллӣ
Ташкили саёҳат ба маконҳои таърихӣ, осорхонаҳо ва ёдгориҳои фарҳангӣ (масалан Қалъаи Ҳисор, Саразм, Ҳулбук, Тахти сангин, Карон ва ғайра) ба хонандагон таъсири амиқи мусбат дошта, имкон медиҳад, ки таърихро на фақат омӯзанд, балки онро аз наздик дида ва эҳсос кунанд.
Таъкид ба сабақҳои таърих.
Дарси таърих бояд на танҳо ба омӯзиши далелҳои гузашта, балки ба пайгирии сабақҳои он равона шавад. Хонандагон бояд дарк намоянд, ки аҷдодонамон чӣ хатоҳо карда буданд ва чӣ гуна метавон аз онҳо пешгирӣ кард.
Истифодаи воситаҳои муосири таълим
Татбиқи технологияҳои муосир, аз қабили филмҳо дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ, рӯйнамоиҳо, китобҳои электронӣ ва бозиҳои таълимӣ метавонад, омӯзиши таърихро барои хонандагон ҷолибтар гардонад ва эҳсоси ифтихори онҳоро қавӣ созад.
Мавзуъҳои калидӣ барои омӯзиши ватандӯстӣ
Рӯйдодҳои марбут ба Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ аз зумраи ин мавзуъҳо мебошанд, ки барои омӯзиши фарҳанг ва расму оинҳои аҷдодӣ ва баланд бардоштани нақши забон ва адабиёт барои ташаккули ҳувияти миллии наврасону нақши калидӣ дорад.
Дар маҷмуъ, дарси таърих на танҳо як фанни таълимӣ, балки як воситаи муҳимми тарбиявиест, ки метавонад дар замири наврасон эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *