
Акобир РИОЕВ,
корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили
ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Тоҷикон дар рушди фарҳанги миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанги умумиҷаҳонист, нақши босазое доранд. Халқи тоҷик аз давраҳои қадим то ба имрӯз соҳиби касбу ҳунар ва анъанаҳои зиёде ҳастанд. Вақти он расидааст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, заминаҳои пайдоиш ва марҳилаҳои рушди инкишофи ҳунарҳои мардумиро омӯзем, онҳоро таҳқиқ намуда, ташвиқу таблиғ намоем.
Рушди эстетикии шахсият дар зери таъсири тарбия ба амал омада, қисми таркибии рушди умумии равонӣ мебошад. Дар мавриди хонандагони хурдсол рушди эстетикӣ ҳамчун раванди ташаккули сифатҳои эстетикии шахсият баррасӣ мешавад. Муваффақияти тарбияи эстетикӣ дар раванди ташаккули шахсияти хонандаи хурдсол бештар ба омилҳои иҷтимоӣ, илмӣ ва равонӣ (сохтори шахсият, ташаккули шахсият, таъсири соҳаи ниёзмандӣ), назариётшиносӣ-педагогӣ ва фарҳангӣ-миллӣ вобаста аст. Тарбияи эстетикӣ, аз ҷумла, ташаккули муносибати эстетикӣ ба воқеият ва фаъолияти эстетикӣ, самти тарбияи мактаббачагонро ба арзишҳои умумиинсонӣ тавассути фарҳанги миллӣ пешбинӣ мекунад. Зеро фарҳанг ҳамчун сатҳи муайяни таърихии рушди ҷомеаи неруҳои созанда ва хусусиятҳои инсонӣ яке аз омилҳои тарбияи эстетикӣ ҳисобида мешавад.
Тарбияи эстетикӣ ҳамон таҳкурсии маънавиест, ки ваҳдати муносибат ва вобастагии мутақобилаи ботинии зуҳуроти мухталифи ҳаёти маънавии инсон ва тамоми ҷамъиятро таъмин менамояд. Тарбияи эстетикӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим арзи вуҷуд дошт. Шоир ва файласуфи олмонӣ Шиллер Фридрих гуфтааст: «Барои инсони фикркунанда ва эҳсоскунандаро тарбия кардан, онро бояд ба воситаи зебоипарастӣ талқин намуд». Тарбияи эстетикии ҷавонон ҷараёни бомаромест, ки дар инсон муносибатҳои эстетикиро нисбат ба воқеият ташаккул медиҳад. Ин муносибатҳо бо пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омада, пайваста бо он инкишоф меёбад ва қисми таркибии фаъолияти моддию маънавии инсон гардидааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ба инсон натанҳо табиат ва санъат, инчунин, дигар масъалаҳо: меҳнат, муносибатҳои иҷтимоӣ, муҳити атроф, маишат ва рафтори инсонҳо низ таъсири мусбат мерасонад ва ҳисси баланди зебоипарастиро дар инсон пайдо менамояд.
Тарбияи эстетикии ҷавонон дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замон ба шумор меравад, ки асоси он ба пешравии илм, техника, технология ва инноватсия вобаста аст. Риояи сару либос, истифодаи телефонҳои мобилӣ, риояи қоидаҳои муошират, рафтору гуфтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, оила ва муассисаҳои таълимӣ аз ҷавонон муносибати махсуси фарҳангӣ, этикӣ ва эстетикиро талаб менамояд.
Ба ақидаи олими машҳури рус Н.Н. Ярошенко «На танҳо муҳити маданӣ, балки чорабиниҳои маданӣ-маиширо ҳам такмил додан зарур аст, зеро он дар тарбияи эстетикии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад».
Чӣ тавре ки қайд кардем, дар тарбияи эстетикӣ санъат ва шаклҳои гуногуни он воситаи пурсамари тарбияи насли наврас мебошад. Аз ҷумла, баргузории маҳфилҳои мактабӣ доир ба омӯзиши ҳунарҳо: дӯзандагӣ, кандакорӣ, наққошӣ, зардӯзӣ ва монанди инҳо, муваффақиятҳои худро дорад ва ҳаёту маишати мардумро боз ҳам зеботар мекунад.
Машғулиятҳо дар маҳфилҳо, аз омӯзгор талаб мекунад, ки мувофики равияи ҷудокардашуда, дарсҳои назариявӣ, методӣ ва саволҳои иҷрои кори амалиро кор кунанд. Зарурияти ин касбҳо: хусусияти наққошӣ дар маснуоти чӯбӣ, ки он натиҷаи кори эҷодӣ ва таълимӣ, хусусиятҳои технологӣ, алоқаи он бо муҳити моро иҳотакунанда мебошад, ки он аз шароити муассиса вобаста буда, талаботи эстетикаи техникӣ оид ба ташкили корҳои маҳфилро дар бар мегирад.
Қадами аввалини санъати наққошӣ шиносоӣ бо таърихи инкишофи он, қонуни инкишофи эҷодиёти бадеӣ ва санъати декоративӣ-амалӣ мебошад, ки бо он дар хонанда мафҳуми дурусти эҳсосоти санъат бармеояд. Аз рӯйи олоти меҳнатӣ, асбоби хона, ки аз қадим то ба мо расидаанд, оид ба ҳаёт ва маишати гузаштагонамон хулоса карда мумкин аст.
Косибону ҳунармандон дар вақти сохтани ин ё он ашё вуҷуди худро ворид сохта, зебопарастии худро нишон додаанд, ки гӯё ҳар яки он асар бо мо суҳбат мекунад.
Вазифаи омӯзгор таълими наврасон оид ба дурустии асарҳои устои мардумӣ, дуруст фаҳмонидани фикру андешаи усто дар бораи он воситаҳое, ки аз тарафи устоҳои мардумӣ ба кор мераванд, мебошад. Барои ин хонанда моҳияти наққоширо бояд фаҳмад, ки чӣ тавр устои мардумӣ ин асарро офарид, чӣ тавр нақш (расм ва лавҳа)-ро аз зиндагонӣ гирифтааст. Корҳои таълимӣ-тарбиявӣ дар маҳфилҳо оид ба наққошӣ дар чӯб такмилдиҳии кайфият ва психологияи хонандагон аст. Наққоши пуртаҷриба барои сафарбар кардани хонандагон, наққошиҳои хуби худ ё асарҳои устоҳои номварро намоиш дода, таҳлил кунад. Омили хубтарини тарбия намоиши иҷрои нақшу нигори «гиреҳ» мебошад. Ба вежа, узор-нақш, нақшу нигор, гулдузӣ; орнамент-нақш, гул, гулбурӣ, нақшу нигор, гулҳои растаниҳо ва ғайра. Нақшу нигори гулҳо ва растаниҳо гуногуншакланд, ки аз хатҳои каҷ дар шакли камон (қавс), каҷак (ҳалқаи мӯй, зулф, печу тоб), мавҷҳо иборат мебошанд. Унсурҳои асоснок, бодом, (қаламфур) занҷабил ва ғайра мебошанд. Ҳаракати дасти усторо дида, ки дар он печутоби гулҳо, нақшу нигор, нозук гузаштани роҳҳо ошкор мегардад, хонандагон кӯшиш мекунанд, ки бо кайфияти баланд амалиёти усторо такрор кунанд.
Мураккабии кори роҳбари маҳфил дар он аст, ки наққошӣ дар чӯб истилоҳи ягона надорад. Ҳар як омӯзгор, роҳбари маҳфил, устои нақшу нигорро аз нуқтаи назари худ таҳлил мекунад (мефаҳмонад), ки дар он элементҳои нақшу нигори гузаштагонамон истифода бурда мешаванд.
Арбобони санъати наққошӣ дар суҳбатҳои худ ба хулоса омадаанд, ки унсурҳои асосии нақшро дар шакли графикӣ тасвир кардан мумкин аст, аз ҷумла, барг, бодом, банд, ҷуфтбанд, роҷ, ситорагул, барги гул, моҳи пурра, се барг, гули пахта ва дигарҳо.
Хонандагонро бо терминҳои қабулшуда, ба монанди образи бадеӣ, композитсия, колорит ва ғайраҳо, шиносонидан лозим аст.
Таҷрибаҳои бисёрсола нишон медиҳад, ки наврасон рангҳо, номи рангҳо, характеристика, тобиш, рангҳои баланду паст ва ғайраҳоро, тез аз худ мекунанд. Қонуни рангкунӣ, нисбат ба рангҳои табиӣ шартӣ мебошад ва ҳар як ранги нақшу нигори композитсия роли худро дорад. Рангҳои гармоникӣ бо ҳам бояд мувофиқ оварда шаванд.
Қисмҳои асосии нақш (фон-зер, таг) — зерранги наққошӣ бояд ҷудо шавад. Суроби расм ба вай мураттабӣ (муназамӣ) илова мекунад.
Инкишофи малакаи техникии хонанда бегуфтугӯ дар ҷараёни кори дуру дароз ва дар натиҷаи машқҳои махсус, ки дар он амалиёт такрор ба такрор иҷро карда мешавад, ки такмил дода мешавад. Кору омӯзиш бояд пай дар пай иҷро шуда, системанок бошад ва бо гузаштан аз кори сода ба мураккаб ба роҳ монда шавад.
Такмилёбии маҳорати техникӣ дар натиҷаи корҳои ҳаррӯза ва системавӣ ба амал меояд. Барои он ки машқҳо мақсаднок шаванд, онҳо бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- Узви маҳфил бояд донад, ки натиҷаи кораш чӣ мешавад.
- Баъди иҷрои ҳар як қисми машқ хонанда бояд натиҷаи онро донад, давоми корро фаҳмад, камбудиҳои худро бояд эҳсос карда, онҳоро бартараф карда тавонад.
- Машқҳои аввалин дар зери назорати омӯзгор мегузаранд ва бо мурури пайдо кардани малака корҳо мустақилона иҷро карда мешаванд.
- Машқҳо бояд гуногун бошанд (хонанда бо технологияи офаридани фақат як предмет машғул набошад). Хонандагон бояд бо амалиёти гуногуни иҷрои кор шинос шуда, фаъолият дошта бошанд.
Методикаи гузаронидани машғулияти маҳфилҳо дар муассисаҳои таълимӣ
Роҳбари маҳфил бо асосҳои одитарини тарзи ташкили илмии меҳнат, инчунин, қонунияти равонии инкишофи наврасон бояд шинос бошад. Ӯ машғулиятро ҳамчун мухассиси кордон ба роҳ монда, хусусиятҳои синнусолии наврасонро аз эътибор дур накунад.
Хусусияти машғулияти маҳфил (наққошӣ) дар муассиса ихтиёрӣ буда, бачаро ҳеҷ гоҳ маҷбур набояд кард. Наврас метавонад, қисми корҳоро мустақилона дар хона иҷро кунад, яъне, иштирок ба пуррагӣ ҳатмӣ нест. Он аз ҳавасмандии наврас дар рафти эҷодкорӣ вобаста аст.
Аз ҷараёни эҷодкорӣ насли наврас қаноатманд шуда, ҳунарро то дараҷае ёд мегирад, ки барояш зарур аст. Ҳолатҳое мешаванд, ки наврас барои аз худ кардани ҳунар иштироки худро системанок месозад. Ин майл душворӣ ва муаммои зиёдро паси сар мекунад.
Агар одами калонсол дар ҳаёт ҳамчун шахсият характери такмилёфта, ҷаҳонбинии васеъ, эҳсосот, маданияти баланди фикркуниро дошта бошад, дар наврас он дар савияи такмил ёфтан аст. Савияи мадании наврас аз маълумоти аз муҳити атроф гирифтааш вобаста аст.
Алоқаҳои динамикии мағзи сар, ки дар кӯдакӣ ва наврасӣ пайдо мешаванд, сабабгори инкишофи минбаъдаи хусусиятҳои маънавии наврас мешаванд.
Маҳфилҳо дар шуури наврас маъсулияти махсусро пайдо мекунанд. Бояд аз ёд набаровард, ки интихоби дурусти корҳои иҷрошаванда, ҷамъи нақшу нигор дар равияҳои расмкашӣ, асбобҳои босифат, азхудкунии биноҳои замонавӣ ва қадима, рангубордиҳии нақшу нигор, саёҳатҳо ва ғайра, тасаввурот ва эҳсосоти фардро васеъ мекунад.
Дар ҳаёти мардум бисёр намудҳои корҳои санъати декоративӣ-амалӣ истифода мешаванд. Дар бисёр хонаводаҳо маҳсулоти қадима нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо асарҳои ҳақиқии санъат мебошанд. Бисёре аз он намунаҳо дар осорхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаи декории ҳайкалҳои қадимаи лоиҳакашон бо нақшу нигораш базаи методии маҳфилро бой мегардонад. Он асарҳо дар мадди аввал он қадар ба чашм намерасанд, аммо дар вақти муфассал дида баромадан аён мегарданд.
Фард дар кӯдакӣ гуфтаҳои роҳбари маҳфилро хуб ва дуруст қабул мекунад, ки ин кори тарбиявӣ дар вақти гузаштани вақт (ҷавонӣ, калонсолӣ) мушкил мегардад. Одами калонсол гуфтаҳои омӯзгорро мантиқан дуруст эҳсос мекунад, вале кор барои наврасон ва ҷавонон мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад. Барои калонсол масолеҳи зарурӣ пешкаш карда шавад кифоя аст, аммо барои хурдсолон, роҳбари маҳфил бояд системаи машғулиятҳоро то охири таълим дар раванди машғулият кор карда барояд.
Усулҳои таълимоти аввалаи наққошӣ дар чӯб, ки дар муассисаҳо истифода мешаванд, барои инкишофи эҷодии наврасон набуда, балки ба ҳунаромӯзӣ, ҳунармандӣ равона карда шудааст, асосан, машқҳо нусхабардории композитсияи нақшу нигорҳо мебошад.
Табақтарошӣ низ як навъ ҳунарест, ки ба соҳаи чӯбкорӣ алоқаманд аст. Табақ ва таомҳои табақиро бештар дар ҷануби мамлакат истифода мебаранд. Тавассути табақ мардуми тоҷик таомҳои дастаҷамъиро тановул менамоянд. Ба ибораи дигар он зарфест, ки аҳли оиларо ба ҳам муттаҳид намуда, гирди як дастурхон ҷамъ меоварад.
Табақтарошӣ дар шароити кунунӣ яке аз ҳунарҳои фаъол ва рушдкарда ба шумор меравад. Солҳои пешин ҳунармандон дӯконҳои табақтароширо ба мисли осиёбҳои обӣ болои ҷӯю дарёчаҳо месохтанд. Зеро барои мудаввару сӯфта кардан ҳатман бояд дастгоҳро қувваи об давр мезанонд. Бинобар гуфтаи устоҳои табақтарош пештар барои сохтани як табақ аз се то ҳафт рӯз сарф мешуд. Ҳоло бошад, чанд асбоби замонавӣ барои табақтарошӣ истифода мешаванд, ки кори устоҳои табақтарошро дучанд сабуктар намудаанд.
Ҳамин тариқ, ҳунарманд пас аз буридан қисми муайяни дарахтро, ки барои як табақ ҷудо мегардад, ба дастгоҳи барқӣ, ки онро муҳаррик давр мезанонад, насб менамояд. Усто тавассути ин дастгоҳ дар муддати хеле кӯтоҳ онро ба шакли табақ омода менамояд. Ба гуфтаи усто дастгоҳи барқӣ барои табақтарошӣ нисбат ба чархи обӣ хеле осону муфид аст, зеро он яклухт кор мекунад. Чуноне ки гуфтем, заҳмати нисбатан камтар, истифодаи сарфакоронаи чӯб ва дигар омилҳои техникӣ боиси он шудаанд, ки нархи табақҳо нисбат ба солҳои қаблӣ арзонтар ва дастрас гардидаанд.
Бо чунин равиш муаррифии кор, сифати кор ва усулҳои кори устоҳо метавонад ба раванди такмили тафаккури зебоипарастии наврасону хонандагон мусоидат намояд.