Умеда АЛИМОВА,

омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики

Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров

Ин дурдонаи беназир аз афкори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: То вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд, гувоҳи он аст, ки соҳаи маориф дар сиёсати муваффақонаи Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноку калидӣ маҳсуб ёфта, ҷойгоҳ ва манзалати хоссаро соҳиб аст. Таъкидҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ  (28.12.2024) садо доданд, бозгӯи он аст, ки Пешвои миллат ояндаи ободу дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, рӯзгори босаодати мардуми бофарҳанги кишвар, бунёди ҷомеаи солим, таълиму тарбияи насли босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифатро маҳз бо рушди илму маориф дар кишвар тавъам медонанд. Мусаллам аст, ки боло рафтани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот ба сатҳи донишу малакаи касбӣ ва пайваста ташаккул додани салоҳиятнокии касбии омӯзгорон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои самарбахши ташаккули донишу маҳоратҳои касбии омӯзгорон ба давраҳои омӯзишии такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо мебошад. Такмили ихтисоси омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, пеш аз ҳама, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар рушди соҳаи маориф ва омода кардани мутахассисони босаводу донишманд ва рақобатпазир ба талаботи бозори меҳнат нақши калидӣ дорад, зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат қарор гирифтааст. Дар Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самти такмили ихтисоси омӯзгорон таъкид намуданд: Ба масъалаи аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеаэътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.

Воқеан, такмили ихтисос яке аз масъалаҳои калидӣ дар рушди донишҳои зеҳнӣ ва касбии муаллимон буда, ба ин васила, истеъдоду лаёқатҳои омӯзгорон сайқал дода мешавад, ки боиси беҳтар шудани сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат, рушди соҳаи маориф ва дар умум, пешрафти Ватани азизамон мегардад. Дар тарбияи насли хештаншиносу меҳандӯст устод-муаллим саҳми назаррас дошта, калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва муваффақиятҳои шогирдон омӯзгори соҳибкасбу болаёқат ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Барои ҳамин омӯзгори ҳақиқӣ ҳамеша бояд дар ҷустуҷӯ бошад ва бештар дар давраҳои такмили ихтисос ва дигар курсу семинарҳои омӯзишӣ иштирок намуда, ба ин тариқ, донишу маҳорати касбии худро сайқал диҳад. Дар баробари ин, омӯзгорро зарур аст, ки пайваста омӯзад, аз таҷрибаи ғании омӯзгорони соҳибмактабу собиқадор истифода барад, адабиёти зарурӣ ва нашрияву маҷаллаҳои соҳаи маориф: маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”, нашрияи “Омӯзгор”, маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон”, маҷаллаи “Масъалаҳои методӣ”-ро мутолиа намояд, зеро дар роҳи худомӯзӣ ва ҳалли масоили гуногуни таълимиву тарбиявӣ ба омӯзгор роҳнамое хубе мешаванд…

Таваҷҷуҳи бесобиқа ва доимии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф барои пешрафту гулгулшукуфоии миллату давлат аст, пас мо-омӯзгоронро зарур аст, ҳар як иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои маҳбуби миллатро дар соҳаи маориф ҳамовозӣ намуда, сармашқи кори худ қарор диҳем ва барои амалӣ шудани онҳо камари ҳиммат бандем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *