Суҳбаторо Шакар ҚУРБОНБЕКОВ,

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Пешрафти соҳаи маориф аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз дар авлавияти фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола Сарвари давлат дар Паёмҳои хеш ба масъалаи мактабу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд ва ҷиҳати рушди инфрасохтори маориф дар шаҳру навоҳии кишвар, ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба ҳама зинаҳои таҳсил тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ кардаанд. Дар ин бора суҳбате оростем бо сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аминҷон Мирзоқанд.

— Муаллими муҳтарам, мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан, аҳли маорифи кишвар ҳамасола ироаи Паёми ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Ба назари шумо асоси ин интизориҳо кадом омилҳо ҳастанд?

— Ташаккури зиёд. Паёми Сарвари давлат як барномаи мукаммали рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву маънавии кишвар аст, ки дар он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта, рушду тавсеаи фаъолияти минбаъдаашон мушаххасан нишон дода мешавад. Зимни ироаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Роҳбари давлат авзои сиёсии ҷаҳони имрӯзаро таҳлил намуда, асоси таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳонро амиқан шарҳу тавзеҳ мебахшанд ва мавқеи расмии кишварро доир ба масоили гуногун равшан месозанд. Бинобар ин, на танҳо аҳли маориф, балки ҳар як фарди тоҷик Паёми Сарвари давлатро мунтазир мешаванд. Паёми Пешвои миллат чун як раҳнамо ҳар як фарди соҳибиродаро огоҳ месозад, ки дар вазъи мураккаби сиёсию геополитикии минтақа ва ҷаҳон зиракии сиёсиро ба кор баранд, манфиатҳои миллиро аз ҳама афзалтар шуморанд, дар рушди ватани аҷдодӣ саҳм гузоранд. Зеро эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, фарҳанги волою ғании ниёкон, ки ҳазорсолаҳо қабл шакл гирифтааст, рисолати муқаддаси фарди худогоҳ аст. Аҳли маориф аз он ҷиҳат Паёмро самимона интизор мешаванд, ки дар он Сарвари давлат, дар баробари дигар соҳаҳо, ба пешрафти рӯзафзуни маориф эътибори хоса зоҳир намуда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ масъулонро ба иҷрои содиқонаи рисолатҳояшон вазифадор месозанд.

— Дарвоқеъ, дар ҳар Паём масоили марбут ба соҳаи маориф амиқан баррасӣ мегардад. Ба андешаи шумо ин таъкидҳо чиро далолат мекунанд?

— Маориф дар ҳама давру замон ва барои қавму миллате, ки нияти эъмори давлати миллӣ дошта бошад, таҳкурсии асосӣ ба шумор мерафт. Ба ибораи дигар, маориф пояи устувори давлат аст ва агар ба он таваҷҷуҳи зарурӣ равона нашавад, ҳеҷ гуна пешрафтро набояд чашмдор шуд. Ба ин хотир дар аксари давлатҳои дунё ба инкишофи соҳаи маориф афзалият додаанд. Масалан, Олмон баъди Ҷанги ҷаҳонии дуюм дар панҷ соли аввал соҳаи маорифро такони азим бахшид, дар Ҷопон омӯзгор дар ҷомеа мақоми аввалро соҳиб аст, дар Сингапур, Малайзия ва Индонезия, ки ҳамчун “бабрҳои иқтисодии ҷаҳон” шинохта мешаванд, ба пешрафти маориф таваҷҷуҳи авввалиндараҷа дода мешавад. Дар кишвари мо низ барои рушди ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ шудаанд ва татбиқи иқдомҳои ҷиддӣ идома доранд, зеро илму дониш сарвати бузургтарини миллату давлат шумурда мешавад. Пешвои хирадсолори мамлакат ба масъалаи мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, бо дарназардошти вазъи воқеӣ барои устувории соҳа тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ месозанд. Зеро таҳкими қудрати давлат, рушди тамоми соҳаҳо ва бақои миллат дар маориф аст ва бояд ба таври шоиста равнақ ёфта бошад.

— Айни замон шумо вазъи соҳаи маорифи вилоятро чигуна арзёбӣ мекунед?

-Қайд кардан ба маврид аст, ки рушди соҳа ва боло бурдани сатҳи маърифати аҳолӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба таври равшану возеҳ ва ҳадафмандона гуфта буданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шхси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”. Аз ин ҷост, ки соҳаи маорифи вилоят низ ба натиҷаҳои хуби рушд муваффақ шуда, дастовардҳои азим ба назар мерасанд. Агар ба рақамҳо таваҷҷуҳ намоем, буҷети соҳаи маорифи вилоят соли 2010 42 миллиону 270 ҳазор сомониро ташкил медод, соли сипаришуда тавассути талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар буҷети маорифи вилоят наздик ба 240 миллион сомонӣ расид. Тафовут барои ҳар фарди соҳибтафаккур маълум аст. Ҳамчунин, тайи ин муддат дар ҳудуди вилоят зиёда аз 209 бинои муассисаи таълимӣ барои 29827 хонанда бо ҷалби маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ сохта шуд. Танҳо соли гузашта барои таъмир ва сохтмони 33 иншоот 168 миллиону 878 сомонӣ ҷудо гардид, ки қисме аз ин иншоот аллакай дар истифода қарор доранд.

Бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 соли охир ба мақсади мустаҳкам кардани пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои иттилоотӣ (компютер, тахтаҳои электронӣ …) ва дигар маводи зарурӣ таҷҳизоти кабинетҳои фанниву озмоишгоҳҳои таълимӣ ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ дастрас гардид. Аҳли маорифи вилоят кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки 33 бинои нави муассисаҳои томактабиву марказҳои рушди барвақтии кӯдак барои зиёда аз 1900 тифл бунёд ва ба истифода дода шаванд.

— Тавре медонед, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф беназир мебошад. Дар ин раванд вазъи иҷтимоии омӯзгорони вилоятро чигуна арзёбӣ мекунед?

— Омӯзгорон қишри бомаърифату бофарҳанги ҷомеа буда, минбаъд низ дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат бо эҳсоси баланди масъулият ва худшиносӣ фаъолияти касбии хешро идома хоҳанд дод.Боиси хушҳолист, ки маоши кормандони соҳа, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ сол то сол зиёд мешавад. Танҳо дар 4 соли охир маоши кормандони соҳаи маориф 95 фоиз зиёд шудааст. Бо оғози соли нави таҳсили 2025-2026 бо дарназардошти 30 дарсад зиёд гардидани музди меҳнати омӯзгорони дараҷаи олӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ҳамчунин, татбиқи дигар имтиёзҳои муқарраргардида низ ба беҳбудии рӯзгори муаллимон мусоидат мекунад. Боиси хушнудист, ки бо дастгирии раиси вилоят Алишер Мирзонабот Худойбердӣ соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Хоруғ барои зиёда аз 70 омӯзгори ҷавон қитъаи замин ҷиҳати бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шуд, ки ин рухдоди фараҳбахш низ ба сатҳу сифати зиндагии кормандони соҳа беҳбудии назаррас мебахшад.

— Хушбахтона, маорифи вилоят дастовардҳои зиёди таълимиро соҳиб гаштааст. Дар самти тарбияи насли наврас боз кадом корҳоро метавон анҷом дод?

— Албатта, кор бе камбудӣ намешавад. Дар ин замина, ба андешаи ман, омӯзгорон бо волидон бояд ҳамкории густардаро ба роҳ монда,  дар самти фаъолияти на танҳо таълимӣ, балки тарбиявӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.   Дар пурра татбиқ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” муваффақу пешсаф бошанд. Қобили зикр аст, ки ба қонуни мазкур бо дарназардошти вазъи печидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, омилҳои дигари таҳдидкунанда соли гузашта тағйирот ворид гардид, ки ба сифати тарбияи насли наврас таъсири мусбат хоҳад расонд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе мавридҳо волидон дар баробари таълим тарбияи фарзандро низ комилан бар дӯши омӯзгор гузошта, ба таври бояду шояд рисолату вазифаи муқаддаси хешро иҷро намекунанд. Ҳамчунин, омӯзгороне ҳам ҳастанд, ки худро тамоман ба таълим машғул дошта, ба тарбияи кӯдак камтар таваҷҷуҳ медиҳанд, ки ин амал низ нодуруст аст. Аз ин рӯ, доир ба ин масъалаҳо бо омӯзгорону хонандагон ва волидон суҳбату вохӯриҳо доир карда, назокати бандҳои қонунро шарҳ дода, тавзеҳ бахшидем, ки ҳар ниҳоди масъули раванди тарбия: мактаб, хонавода ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас бетарафиро ихтиёр накунанд. Бо дарназардошти бархӯрди тамаддунҳо, ки миллатҳоро бо хатар рӯ ба рӯ сохтааст, тарбияро ҳам мактабу волидон, ҳам ҷомеа ва ташкилоту ниҳодҳои дигари вазифадор якҷоя бояд пеш баранд, зеро бепарвоӣ нисбат ба фарзандони миллат амалест нобахшиданӣ. Дар моддаҳои 19 ва 20-и қонун муассисаи таълимӣ ва омӯзгор дар баробари адои вазифаҳо уҳдадор карда шудаанд, ки тарбияи кӯдакро дар ҳамкорӣ бо волидайн ва дигар сохторҳои масъул таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Волидон вазифадор шудаанд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба миллат, Ватан, арзишҳои миллӣ, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия карда, ба воя расонанд. Бояд изҳор дошт, ки ба мактабу маориф, таълиму тарбия мароқ зоҳир кардан, инкишофу боз такмил додани онро дар радифи ормони воқеии миллат қарор додан нишони волои садоқати Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Ватан ва марзу буми аҷдодӣ арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, пешрафти ҷараёни таълиму тарбия дархӯри манфиатҳои миллӣ, ободиву шукуфоии кишвар буда, бояд айни замон дар замири ҳар як фарди солимфикр ҷой дошта бошад.

— Дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон омӯзгорон бояд кадом ҷанбаҳои таълиму тарбияро дар афзалияти фаъолияти хеш қарор диҳанд?

— Ҳар як усул ва ҷанбаи таълиму тарбияи соҳаи маориф, ба фикри ман, бояд печида бо афкори миллӣ бошад ва ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас равона карда карда шавад. Пешвои муаззами миллат низ аз рӯзҳои аввали эъмори давлати миллии тоҷикон ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намудаанд.

Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки гузаштагони мо дар тарбияи атфол расму одоти аҷибе доштанд. Кӯдак то панҷсолагӣ ҷилави чашмҳо намеомад, то бистсолагӣ, илму ҳунар, аспсаворӣ, тирандозӣ ва ростгӯйӣ меомӯхт. Ин расму одатҳо басо омӯзанда аст ва ба қалбҳо шӯр андохта, меҳру муҳаббати шахсро нисбат ба халқу Ватан бедор месозад.

Дар ҷаҳони пур аз тазодди имрӯза ба насли болаёқату соҳибистеъдод, соҳиби малакаи баланди касбӣ, ватандӯсту худогоҳ эҳтиёҷи бештар пайдо шудааст. Ба мақсади пиёда сохтани ҳадафҳои миллӣ дар ҳудуди вилоят дар 204 муассисаи таҳсилоти умумӣ омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ омӯзонда мешавад. Кабинетҳои фаннии омодагии дифои ҳарбӣ бо асбобҳои аёнӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин буда, вохӯриҳои хонандагон бо сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, шахсиятҳои андешаманду соҳибном, собиқадорони шарафманди диёр ба ҳукми анъана даромадааст. Бояд ёдрас кард, ки фақат он вақт насли наврас ба худогоҳии комил расида метавонад, ки агар савияи донишу маърифаташ баланд бошад. Танҳо дар ин замина насли хештаншинос, огоҳу сарафроз, ватандӯсту меҳанпараст ва дӯстдори марзу буми кишвар тарбия меёбад.

— Дар фарҷом мехостам, дар бораи ҳамкории раёсати маорифи вилоят бо нашрияҳои соҳавӣ ва мавқеи матбуот дар рушди соҳаи маориф андешаҳои худро баён мекардед.

— Матбуот дар ҳама давру замон як василаи тарғиби афкори пешқадам, муаррифии дастовардҳо ва густариши андешаҳои солим мебошад. Раёсати маорифи ВМКБ бо нашрияҳои соҳаи маориф, ба вежа, маҷаллаи таърихию андешаофари “Маърифати омӯзгор” ҳамкории наздику судманд дошта, дар густариши афкори маорифпарварона бо ин неруи таъсиргузор такя мекунад. Омӯзгорону мураббиҳои мо дар раванди дарсу машғулиятҳо дар баробари китобҳо ва дастуру барномаҳои таълимӣ маводи маҷаллаи мазкурро низ чун маводи ёрирасон ва маълумоти иловагии навин истифода мебаранд. Яъне, мо ҷиҳати рушду пешрафти соҳаи маориф ба нашрияҳо такя менамоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *