
Муҳаммад САФАРОВ,
мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии
Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Дар шароити рушди воситаҳои иттилоотӣ рақамикунонии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ як самти афзалиятноки сиёсати давлат дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Сарвари кишвар таъкид намуданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ қонеъкунанда нест ва зарурати таҳияи барномаи давлатии рақамикунонии соҳаи маорифро пешниҳод карданд. Инчунин, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз 1 декабри соли 2016, №636 низ зарурати рушди технологияи телекоммуникатсионӣ дарҷ гардидаст. Рақамикунонӣ дар мактабҳои Тоҷикистон як раванди муҳим барои баланд бардоштани сифати таълим ва самаранокии идоракунии соҳаи маориф мебошад. Дар ин замина, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид. Ин консепсия ба ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тағйири шаклу усулҳои таълим, баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои таълимӣ равона шудааст. Дар доираи ин иқдомот дар шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» аз соли 2020 ба роҳ монда шудааст, ки ҳоло дар 150 муассисаи таълимии пойтахт онро амалӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар раванди рақамикунонии соҳаи маориф баъзе мушкилот, аз ҷумла, норасоии таҷҳизоти техникӣ ва сатҳи пасти саводнокии рақамӣ вуҷуд доранд. Барои ҳалли ин мушкилот татбиқи барномаҳои таълимӣ ва курсҳои такмили ихтисос дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ зарур мебошад. Рақамикунонии мактабҳо дар Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дошта, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ин раванд босуръат идома дорад. Бо амалишавии ин тадбирҳо дастрасӣ ба таҳсилот ва захираҳои таълимӣ барои хонандагону омӯзгорон осон мешавад. Автоматизатсияи идоракунӣ имкон медиҳад, ки назорати сифат ва омори муассисаҳои таълимӣ беҳтар ба роҳ монда шавад. Таҳкими малакаҳои рақамӣ ба омӯзгорону хонандагон маҳорати кор бо технологияҳоро фароҳам намуда, омодагӣ барои ворид шудан ба бозори меҳнатро муҳайё месозад. Ба роҳ мондани омӯзиши фосилавӣ дар шароити дигаршавии талаботи таълим таҳсилоти фосилавӣ ва платформаҳои онлайнии таълимӣ (Google Classroom, Moodle ва ғ.)-ро серистеъмол месозанд. Рақамикунонии таҳсилоти миёнаи умумӣ самтҳои зеринро фаро мегирад:
- Истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК):
- компютер, планшет, телефонҳои мобилӣ ва дигар дастгоҳҳои электронӣ барои омӯзиш;
- барномаҳои таълимии рақамӣ ва платформаҳои онлайн барои омӯзиш ва худомӯзӣ;
- дарсҳои интерактивӣ тавассути тахтаҳои электронӣ ва лоиҳаҳо.
- Муассисаи системаи идоракунии таълим:
- платформаҳое чун Google Classroom, Moodle, Microsoft Teams барои таълими фосилавӣ ва назорати фаъолияти хонандагон;
- мушоҳида ва баҳодиҳии натиҷаҳои таълим тавассути системаҳои худкор.
- Таҳияи маводи таълимии рақамӣ:
- китобҳои дарсии электронӣ, платформаҳои видеоӣ ва маводи омӯзишии интерактивӣ;
- мундариҷаи рақамӣ дар асоси стандартҳои таълимии миллӣ.
- Ҳисобот ва таҳлили маълумот:
- истифодаи технологияҳо барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва идоракунии маълумоти таҳсилоти хонандагон;
- имкони муайян кардани сатҳи дониши ҳар як хонанда ва таҳлили пешрафти онҳо.
- Таълими фосилавӣ ва омехта (blended learning):
- гузаронидани дарсҳо дар реҷаи онлайн ва офлайн барои дастрасии бештари хонандагон (ва омӯзгорон);
- барномаҳои омӯзиши мустақилона тавассути платформаҳои рақамӣ.
- Баланд бардоштани саводнокии рақамӣ:
- омӯзонидани омӯзгорон ва хонандагон оид ба истифодабарии технологияҳои рақамӣ;
- таъмини бехатарии рақамӣ ва риояи ахлоқи киберӣ.
Натиҷаҳои самараноки рақамикунонӣ:
- Беҳтар гардидани сифати таълим тавассути фароҳам овардани маводи интерактивӣ.
- Дастрасии баробар ба маълумот барои хонандагони минтақаҳои дурдаст.
- Суръатбахшӣ ба раванди таълиму идоракунӣ.
- Кам кардани хароҷот барои маводи таълимӣ, масалан, ҷой намудани стандарт ва барномаи таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, дастурҳо ва ғайра, дар платформаҳои махсус.
Мушкилоти рақамикунонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ:
► Норасоии таҷҳизоти техникӣ дар бештари муассисаҳо.
► Мушкилоти иртиботӣ ва суръати пасти интернет дар баъзе минтақаҳо.
► Мавҷуд набудани зерсохтори лозимӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст.
► Омодагии пасти омӯзгорон ва хонандагон барои кор бо технологияҳои рақамӣ.
► Набудани маводи таълимии рақамии мутобиқ ба барномаҳои таълимии миллӣ.
► Масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва ғайраҳо, ба шумор меравад.
Масалан, рақамикунонии таълими фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи маориф ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин, айни замон, сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълими физика ҳанӯз ба таври кофӣ рушд наёфтааст.
Монеаҳо
Камбуди таҷҳизоти техникӣ: дар аксари муассисаҳои таълимӣ норасоии компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои таълимии рақамӣ вуҷуд дорад.
Камбуди маводди таълимии рақамӣ: камбуди барномаҳои таълимии интерактивӣ ва дигар маводи рақамӣ
Тадбирҳои пешниҳодшуда
Таҳияи маводи таълимии рақамӣ: таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои интерактивӣ, симуляторҳо ва видеоҳои таълимӣ
Курсҳои такмили ихтисос: ташкили курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани саводнокии рақамии омӯзгорон
Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти техникӣ: компютерҳо, тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои таълимии рақамӣ барои истифода дар дарсҳо.
Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ: ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ…
Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор лоиҳаҳоро оид ба рақамикунонии соҳаи маориф амалӣ менамояд. Дар бисёр кишварҳо рақамикунонии мактабҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ босуръат ҷараён дорад. Чанд намуна манзури шумо мешавад:
Финляндия
Платформаҳои рақамӣ: Омӯзиш дар асоси платформаҳои интерактивӣ, аз ҷумла, Eduten ва Sanoma Pro, ки маводи таълимиро дар шакли рақамӣ пешниҳод мекунанд.
Таҷҳизоти рақамӣ: таҳияи барномаҳои таълимии мутобиқшаванда (adaptive learning), ки ба сатҳи дониш ва қобилияти ҳар як хонанда мутобиқ мешаванд.
Таълими фосилавӣ: хонандагон имкони иштирок дар дарсҳо тавассути платформаҳои онлайн, ба мисли Google Classroom ва Microsoft Teams доранд.
Натиҷаҳо: масъалаи дур будани фосилаи байни хонандагони минтақаҳои гуногун аз байн рафта, сатҳи худомӯзӣ ва малакаҳои рақамӣ рушд ёфта истодааст.
Эстония
Системаи «e-School» (мактаби электронӣ): платформаи ягона барои идоракунии таълим, ки дар он дарсҳо, вазифаҳои хонагӣ ва натиҷаҳои таҳсилот сабт мешаванд.
Барномаи “ekool”: системаи рақамии назорати раванди таълим, ки падару модарон, омӯзгорон ва хонандагонро муттаҳид мекунад.
Барномаи «ProgeTiiger»: омӯзиши барномасозӣ ва технологияи рақамӣ барои хонандагони мактабҳои миёна.
Натиҷаҳо: назорати шаффофи пешрафти таҳсил таъмин шуда, фарогирии кӯдакони оворагард ва камбизоат ба таҳсил бештар гардид.
Сингапур
Барномаи “Smart Nation Initiative”: барои омӯхтани малакаю маҳоратҳои рақамӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои нав ба хонандагон.
Платформаи «Future Schools» (мактабҳои оянда): муассисаҳои таълимии таҷрибавӣ, ки таълим пурра рақамӣ сурат мегирад, аз ҷумла, омӯзиши фосилавӣ ва интерактивӣ.
Истифодаи “AI” ва “Big Data”: барои таҳлили маълумоти таълимӣ ва фароҳам овардани шароити омӯзиши инфиродӣ.
Натиҷа: суръати хуби мутобиқшавӣ ба талаботи бозори меҳнат, бехатарии киберии муҳити таълимӣ таъмин шуда истодааст.
ИМА
Барномаи “Google for Education”: истифодаи “Chromebook” ва “G Suite” дар муассисаҳои таълимӣ барои имкони кор фароҳам овардан ба хонандагон бо абзорҳои рақамӣ.
Барномаи “STEM Education”: таваҷҷуҳ ба фанҳои STEM (илм, технология, муҳандисӣ ва математика) тавассути платформаҳои рақамӣ.
Китобхонаҳои рақамӣ: дастрасӣ ба ҳазорҳо китоби рақамӣ ва маводи таълимии онлайн.
Натиҷаҳо: мушкилоти омӯзиши фосилавӣ дар ҳолатҳои фавқулода (масалан, пандемия, офатҳои табиӣ ва ғайра) бартараф карда шуда, хонандагон ба шароити таҳсилоти рақамии оянда омода шуда истодаанд.
Аз ин бармеояд, ки рақамикунонии таҳсилот дар мактабҳои миёнаи умумӣ дар даҳҳо кишвар ба рушди малакаҳои рақамӣ, таълими фосилавӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат кардааст. Барои Тоҷикистон низ метавон таҷрибаи ин кишварҳоро омӯхта, тадриҷан ба амалисозии чунин моделҳо оғоз намуд.
Ҳамин тавр, рақамикунонии таҳсилот дар Тоҷикистон имконияти навро барои рушди соҳаи маориф фароҳам меорад ва ба ҳамгироии низоми таълим бо талаботи ҷаҳони муосир мусоидат мекунад. Ҳарчанд баъзе мушкилот вуҷуд дорад, вале бо дастгириҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин равандро мо метавонем ба сатҳи хеле баланд барорем.
Адабиёт:
- «К вопросу о цифровизации в обучении математических дисциплин», автор: В. А. Лебедев., — 2020г., стр. 4 (статья в журнале).
- «Математическое образование в цифровом обществе», автор: П. А. Васильев., — 2023г., 180 стр.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 28.12.2024, шаҳри Душанбе
- «Цифровая трансформация школьного образования. Международный опыт, тренды, глобальные рекомендации».— Институт образования НИУ ВШЭ., -2019г, 108 стр.
- «Цифровизация российской средней школы: отдача и факторы успеха», авторы: О. С. Аникина, Е. В. Захарова., -2020г., стр. 20 (статья в журнале).
- «Цифровизация в системе образования: передовой опыт и перспективы», Под редакцией Л. Н. Васильевой и А. А. Петровой., — 2022г., 150 стр.
- «Цифровая трансформация школьного образования в России», автор: М. С. Головин., — 2021, 200 стр.
- «Цифровая трансформация в образовании: проблемы и перспективы развития», под редакцией И. В. Сергеева, А. Е. Михайлова., — 2022г., 120 стр.