
Баҳром ШАРАФЗОДА,
муовини раиси шаҳри Роғун
Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф дар замони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди созандагии маорифи мамлакат, таҳкими сиёсати маорифпарварӣ, инчунин, навовариҳо ва рушди маорифи миллӣ дар асоси омӯзиши як зумра маводи илмии дахлдор бо андешаҳои нав дар ин мақола дарҷ гардидааст.
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти маориф дар низоми идоракунӣ ва сиёсати давлатдории миллии мо аз муҳимтарин масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаи илму маориф таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷадид ба амал омадаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҷомеаи мо ба мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид, ки омили асосии он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, ин ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири манфии худро расонид. Вазъи ногувори иҷтимоию иқтисодии он замон, албатта, ба рушди низоми мориф низ бетаъсир набуд. Дар он давраи мураккаби сиёсӣ, соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ, муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ инхоб шуд, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон саҳифаи навро боз карда, раванди созандагии давлати муосири тоҷикон ва таҳким бахшидани соҳаи маориф низ оғоз шуд. Албатта, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул шуд, ки ин як такони ҷиддӣ дар ташаккули маориф арзёбӣ мегардад. Дар қисми якуми моддаи 1-и қонуни мазкур маориф ҳамчун раванди бомароми таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки дар он соҳиби меъёри муайяни таҳсилот гардидани шаҳрвандро давлат муқаррар кардааст, дарҷ гардидааст. Ин қонун самтҳои асосии маорифро ба танзим дароварда, ҷойгоҳи маорифро дар сиёсати давлатӣ мушаххас муайян кард.
28 августи соли 1995 Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони маорифи ҷумҳурӣ баён карданд, ки ба миён омадани ниёзи ҷиддии ислоҳоти маорифро, ҷиҳати дарёфти мароми Истиқлоли давлатӣ, талаби марҳилаи сифатан созандаи пешрафт, такмили низоми таълиму тарбия ва мактабу маориф дар заминаи сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқию фарҳангӣ ва бо дарназардошти имконияту тақозои даврони муосиру арзишҳои умумибашарӣ фаро расидааст [7]. Яъне, дар ин мулоқот маориф асоси воқеии рушди кишвар дониста шуда, зиёиёну аҳли маориф ба фаъолияти самаранок баҳри такомули ин соҳа дар ҷомеа роҳнамоӣ карда шуданд. Ин буд, ки баътар, дар соли 1998 бо мақсади рушди илму маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” қабул шуд.
Роҳбари давлат дар Паёми хеш соли 2002 бори дигар ба масъалаҳои маориф, таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисон таваҷҷуҳ карда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои барқарор кардани инфраструктураи мактабҳои миёна, сохтмони мактабҳо, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо ҷалби ёриҳои башардӯстона миллионҳо доллар харҷ кардааст, вале ҳолати онҳо ҳанӯз дар сатҳи даркорӣ нест [4]. Аз ин рӯ, тавре мебинем, Сарвари кишвар дар ҳамон Паёмашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, аз мушкилоти соҳа дар ҳамон давра, норасоии омӯзгорону мутахассисон, аз ҷумла, аз норасоии омӯзгорони забону адабиёти тоҷик, физикаю математика, забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа ба як қатор вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Раванди беҳтар гардонидани низоми маориф дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли 2004 ироа гардид, ки идома ва густариш додани ислоҳот дар соҳаҳои маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, ба муқаррароти тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда, мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо бояд ба як ҳадаф тарбияи насли аз лиҳози дониш, кордонӣ, бофарҳанг ва ҷаҳонбинӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ ва аз нигоҳи ҷисмонӣ солим равона гарданд.
Дар заминаи ин, албатта, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пас аз супоришҳои Президенти мамлакат дар низоми идораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд, ки ба беҳбуд бахшидани соҳаи маориф таъсиргузор буданд. Дар ҳамон Паём Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намудаанд, ки тарбияи кадрҳо, хусусан, барои соҳаи маориф, таъмини сифат ва сатҳи дониши кадрҳои омӯзгорӣ, дуруст ҷобаҷо кардани мутахассисони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои онҳо, пеш аз ҳама, дар деҳот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошад, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати вазорати маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор дошта бошад [5].
Бо дастгириҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар мамлакат як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №395 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2006, №1698 “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф” барои такмили соҳаи илму маориф қабул шуданд. Инчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2008, №436 “Дар бораи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015” ба тасвиб расид. Ҳамзамон, дар ин раванд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №502 “Дар бораи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ба тасвиб расид. Ҳамчунин, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2010 Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шуд. Илова бар ин, бо мақсади танзим кардани қабули шаҳрвандон барои таҳсил дар хориҷи кишвар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ба фаъолият оғоз кард, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои муҳимми соҳаи маориф мебошад.
Самти асоситарини рушди маориф нигоҳ доштани фазои ягонаи таълим, таъмини ҳатмии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас гардидани таҳсилот иборат мебошад [2]. Ба хотири мусоидат ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникиву технологӣ дар ҷомеаи мо соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шуд [6]. Дар заминаи эълон гардидани соли мазкур дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои мақсадноки илмию амалӣ доир гаштанд, ки ба ташаккули фарҳанги техниии ҷавонон таъсири муфид расониданд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд, ки мувофиқи Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2015, №504 муассисаи мазкур ба фаъолият оғоз кард. Ин иқдом дар соҳаи маориф ташаббуси таърихӣ буда, бори аввал дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои дифои рисолаҳои илмӣ шуроҳои илмии миллӣ ва худи Комиссияи олии атестатсионӣ таъсис дода шуд, яъне, ин иқдом низ аз ташаббусҳои мондагору маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маорифи миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” қабул гардида, дар ин санади соҳавӣ низоми миллии таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ муайян шуд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул шудааст, ки ин барномаи давлатӣ зарурияти омӯзиш ва низоми методологии таълими забонҳои русӣ ва англисиро дар мамлакат муайян кардааст.
Соли 2022 дар Паём гуфта шудааст, ки дар ин давра дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд. Роҳбари давлат ироа доштанд, ки дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта, ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёна 2 миллиону 300 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд [3].
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои ба ҳайси Роҳбари давлат фаъолият карданашон, дар соҳаи маориф тадбирҳои натиҷабахшро амалӣ карданд, ки дар ин давра соҳаи маориф ба дастовардҳои назарраси таърихӣ ноил гардидааст. Ин дастовардҳо, дар баробари таҳким бахшидани низоми давлатории миллӣ дар соҳаи илму маориф, барои рушди ояндаи ҷомеа ва давлати навини тоҷикон таъсири созандаи худро мегузорад.
Албатта, имрӯзҳо зери сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ раванди созандагиҳои соҳаи афзалиятноки ҷомеа, яъне, маориф бо маром идома дорад. Метавон иброз дошт, ки иқдому ташаббусҳои бесобиқаи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоию фалсафӣ, тарбиявӣ, илмию амалӣ ва тадқиқотӣ буда, дар заминаи онҳо анҷом додани тадқиқоти нави илмӣ, омода кардани мақолаҳои илмию оммавӣ, таҳияи рисолаҳои илмӣ, асару дастурҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён ва аҳли илму адаб низ муофиқи мақсад мебошад.
Адабиёт:
- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 январи соли 2024, №АП- 481. 01.01.2024, шаҳри Душанбе: http://khovar.ti.
- Набиева Р. А., Зикриёев Ф. Б., Зикриёева М. Ф. Таърихи халқи тоҷик. Нашри дуюм, Душанбе, “Собириён”, -2010. 245 с.
- Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23.12.2022, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22.04.2002, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 30.04.2004, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24.04.2010, шаҳри Дyшaнбe: http://www.prezident@tj.
- 7. Шарифзода А. Маорифпарвар. Бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе,-2012. 338с.